Баргашт Чоп кардан

ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ

Ӯ аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунари тоҷик аст. Ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик ба ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ва бисёр кишварҳои олам машҳуранд. Ӯ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ағлаби онҳо марвориди мусиқии касбии тоҷик ба шумор мераванд.
Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Нишони фахрӣ 4-уми майи соли 1914 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи ҳунарпеша ва мутриби варзида Муқаддасхон Шаҳидӣ таваллуд шудааст.
Дар оилаи Шаҳидӣ ба адабиёт ва мусиқӣ шавқу рағбати зиёд доштанд, аз ҳамин сабаб, дӯсторони санъати воло дар хонаи Муқаддасхон ҷамъ омада, маҳфилҳо меоростанд. Маҳз ҳамон ҷамъомадҳо барои Зиёдуллои хурдсол дар роҳи санъат мактаби аввалин гаштанд. Оилаи Шаҳидӣ солҳои 30-юми асри гузашта ба шаҳри Душанбе меоянд. Соли 1939 Зиёдулло Шаҳидӣ роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин мешавад ва то соли 1952 ин масъулиятро ба дӯш дошт. Чанд сол раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ буд.
Абулқосим Лоҳутӣ Шаҳидиро доим таъкид менамуд: «Шумо бояд дар Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийи Москва таҳсил намоед, маҳорати касбии худро мукаммал созед».
Зиёдулло Шаҳидӣ ҳар дафъа бемориро баҳона пеш меовард. Ниҳоят бо исрори зиёди Лоҳутӣ, ӯ ба шаҳри Москва меравад. Каме баъдтар ҳамсару фарзандонашро низ мебарад.
Соли 1957 Зиёдулло Шаҳидӣ баъди хатми Консерватория аввалин барномаи консертии худро доир мекунад, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта мешавад.
Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи «Комде ва Мадан» мебошад, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. «Комде ва Мадан» аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки солиёни зиёд мавсими театриро дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ мекард. Он, ҳамчунин, дар саҳнаи театрҳои Ӯзбекистон, Россия ва Аврупо намоиш дода шудааст.
– Аз замоне ки худро шинохтам, хонаи мо доим пур аз меҳмон – санъаткорони шинохта, мутрибону адибон буд. Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Рена Ғолибова, Ҳанифа Мавлонова, Туҳфа Фозилова ва дигарон тез-тез назди ӯ омада, эҷоди оҳанги навро хоҳиш менамуданд, – ба ёд меорад духтараш Мунира Шаҳидӣ, номзади илмҳои филология.
Боре устод ба шеъри Мирзо Турсунзода “Ситораи ман” оҳанг мебандад. Ба ҳавлӣ баромада, онро чанд бор зам-зама менамояд. Баъдан, Муқаддас Набиеваро даъват намуда, якҷоя ин сурудро тамрин мекунанд.
Бо ташаббуси духтараш Мунира Шаҳидӣ имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаи ҷумҳуриявии мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи ӯ гузошта шудааст. Соли 2014 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ бо қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар кишвар ва берун аз он, аз ҷумла Россия, Ӯзбекистон, Британияи Кабир ва Фаронса, таҷлил гардид. Имрӯз устод миёни мо нест, вале фарзандони ӯ Мунира Шаҳидӣ ва оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ номбардори падар ҳастанд.
Зиёдулло Шаҳидӣ 25-уми феврали соли 1985 дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»