I
Мирзо Улуғбек бо дониш ва заковати фитрӣ маълуму машҳур аст. Дар таърих бо корҳои мондагори худ ба некӣ ёд мешавад. Ҷойи таассуф фақат он аст, ки бо амри фарзандаш Мирзо Абдулатиф, ки Самарқандро аз дасти падар гирифта буд, кушта шуд.
Мирзо Салимбек дар бораи ин марди заковатманд дар асараш “Таърихи Салимӣ” нисбатан маълумоти муфассал додааст. Ин асарро муҳаққиқони соҳаи таърих Шодмон Воҳидов ва Фарзия Ансорова аз хатти арабиасоси тоҷикӣ ба криллӣ баргардон ва нашр намуданд. Дар ин китоб ҳикояти ҷолибе аз “Ҳадоиқ”-и Сайиди ошиқ Насафӣ оварда шудааст, ки шахсияти комили Мирзо Улуғбекро равшантар месозад.
II
Дар айёми салтанати Улуғбек Мирзо наҷҷоре (дуредгаре) аз Кобул барои тиҷорат ба Бухоро омад. Ҳафт дона гавҳари қимате дошт, ки ба чарме дӯхта, мисли тумор ба гардан андохта буд. Ба наздикии шаҳр расид. Ҷӯе пуроб дид. Хост, то гарди роҳ аз худ бишӯяд. Фаромад ва аспи худ дар лаби ҷӯй ба дарахте баст ва либос кашид ва он ҳамоилро низ аз гардан гирифта, дар пеши назари худ ба шохи дарахте овехта, ба об даромад. Аснои оббозӣ ғалевоҷе (каргас) аз ҳаво ба гумони гӯшт он ҳамоилро аз дарахт рабуда, парвоз карда, дар ҳаво рафт. Тоҷир аз мушоҳидаи ин ҳол аз ғояти ғаму ҳасрат беҳуш афтод. Ба ҳолате расид, ки ба даруни ҷӯй хост, ки хуни худро ба об омехта ин рӯзро набинад. Ба ҳар ҳол худро нигоҳ дошта, аз об баромада, либос пӯшида, бо худ фикре кард, ки овозаи фаросат ва донишу мулкдорӣ ва тадбири Улуғбек Мирзо дар офоқ мунташир аст. Ҳарчанд ин амри ғариб аз таҳти ҳиросат (нигаҳбонӣ) ва замонати ӯ берун бошад, шояд, ки аз нури ройи суварнамоии ӯ равшанӣ ба дили торики мағмум (ғамгин) тобад ва ба дарди бедавои ман чорае андешад, гуфта, ба дарбори подшоҳ шитофта, сурати ҳолро маъруз (арза) дошт. Улуғбек Мирзо ӯро тасаллӣ дода гуфт: “Он мол дар мамлакати ман талаф шуда, товони он бар ман аст. Аммо аз ту як сол муҳлат мехоҳам”. Он бечора гуфт: “Қурбонат шавам. Ин амре нест, ки ман онро бар дӯши салтанати ту гардонам, зеро ки дузде надорам, ки маълум намоям. Ночор ин хисоротро (зарар) худ андӯхтаам. Чӣ сон замири анвори шоҳро ба тараддуди он мафқуди (гумшуда) беасар муқаддар (тира) намоям?”. Подшоҳ гуфт: “Муруввати ман намегузорад, ки воридони мамлакати маро зараре расад. Сухан ҳамон аст, ки гуфтам. Ту як сол меҳмони мо бош”.
Дар варохонаи хазинадори худ меҳмон карда, амр намуд, ки дар китмони (пинҳон) ин воқеа кӯшида, то сол тамом нашавад, изҳори муддао макун. Пас филфавр фармуд, то дафтари иртифооти хироҷро оварда, мазбут сохтанд. Як сол аз ин қазия гузашта, дафтари истифодаи имсоларо низ оварда, ба дафтари порсола муқобил карда дид, ки дар Қарокӯл рангрезе порсол ҳаждаҳ дирам хироҷ дода, имсол молияти маҳсули ӯ ду ҳазор расида. Фаросат кард, ки ин таодати фоҳиш аст, аз рӯи ҷариби замин шуд, ҳосил ин қадар таодат мекунад. Пас филфавр фармуд, то он мардро ҳозир карданд. Подшоҳ аҳволи ӯро дид, ки мисли мутамаввилон (сарватмандон) буда, либосаш аз моли ҳирфааш (касбаш) зиёд аст. Ӯро пеш хонда, танҳо гуфт: “Эй мард, аз ту суоле дорам. Агар китмон накарда, рост гӯӣ, ҳамин неъмат ва давлатро бо ту боқӣ дорам. Агар дурӯғ гӯӣ ва пинҳон дорӣ, ба шиканҷа ва узубат (асабҳо) гирифтор оӣ. Оқибати он, албатта, вахим (сахт) ояд”. Мард гуфт: “Ҳар чи фармоӣ, аз ростӣ таҷовуз нанамоям”.
Пас Улуғбек Мирзо гуфт: “Рост бигӯ, ки ваҷҳи зиёни мол ва таодати хироҷ ва батоини аҳвол ва ҳирфаи ту чист?”. Он мард чорае ҷуз ростӣ надида, гуфт: “Эй подшоҳи бокарам. Порсол марди дарвеши рангезе будам. Андак заминро молик, дар он ҳисорот мекардам. Рӯзе ба сари замин рафтам. Дар он ҷо дарахте буд, ғалевоҷе бар он нишаста. Дар чангол чизе дошт. Ба минқор онро қасди пора кардан дошт. Маро дида, рамида, парвоз кард. Дидам, он чиз ба дарахт печида мондааст. Баромада онро аз дарахт кушода гирифтам. Туморе буд, тасмия дошт, ки ба гардан андохта шавад. Онро кушодам, ҳафт дона санги ҷилодор буд. Азбаски ин гуна ашё дар умр надида будам, бо худ гуфтам, албатта, чизи боқадре бошад. Як донаи онро гирифта, шаш донаи онро ҳам дар он замин ҳафраи (чоҳи) эҳтиёт канда, пинҳон намудам. Он як донаро ба фалонӣ саррофе нишон додам. Бист ҳазор дирам ба ман дод. Онро аз ғанимати шукр ва давлати бузург дониста, гирифта, аз он маблағ бисёр ва заёи ақор (замини зироатӣ) харида, мутамаввил (сарватманд) шудам. Ин асари он давлати худомада аст. Боқӣ ихтиёр турост”.
Подшоҳро сухани рости ӯ писанди хотир афтода, фармуд, то шаш донаи он гавҳарро оварда, манзур (нишон дода супорид) кард. Подшоҳ он саррофро низ ҳозир сохт ва сурати ҳолро ба ӯ гуфта, фармуд, ки он як донаро низ ҳозир кард. Подшоҳ дид, ки ҳар дона ба сад ҳазор дирам аз ин мард бошад ва туро ба ҷон амин ҳосил ояд. Пас тоҷирро оварда, гавҳарҳои ӯро ба чарми порашуда наздаш гузошта, ӯро ба хилъат низ навохта, ҷавоб дод, ки аз камоли шодмонӣ гирён шуда, дуо карда баромада рафт. Аз ин гуна ҳикояти аҷиб аз он ҷаноб бисёр манқул аст. Ва аз осори боқияи он подшоҳи шаҳид ҳаштсаду бисту ҳашт мадраса аст, дар Самарқанд кошинкорӣ бо манораҳои кошин, ки мислаш дар офоқ нест. Аммо дар ин замон аз ҷиҳати адами авқоф мунҳадим (вайроншуда) истодааст. Дар мадрасаи дигар мисли он дар Бухорои шариф, ки алҳол обод ва маҳали истиқомати толибон аст, дар чунин мадрасаи дар Ҳирот ва Машҳад ва ғайри он мадориси дигар ҳавотин ва работот ва ҷисри бисёр таъмир карда, маъруф аст. Байт:
Агарчанде, ки ӯ рафта зи дунё,
Агар боқист, ӯ зинда-ст гӯё.
Ҳозиркунандаи чоп
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”