Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, миллати тоҷик дар тули таърих бо фарзандони фарзона ва олимони барҷастаи худ дар рушди илму фарҳанг ва ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи чунин абармардонест, ки на танҳо табиб ва донишманди беназир, балки ҳакими маъруф бо шуҳрати ҷаҳонгир буд. Ӯ дар зарфи умри 57-солаи худ беш аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ таълиф карда, осораш қариб ҳамаи соҳаҳои донишро фаро мегиранд – аз фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ то тиб, география, риёзиёт ва мусиқӣ. Аммо аз ҳама бештар, маҳз асари мондагори ӯ – “Ал-Қонун фи-т-тиб”, дар таърихи илми тиб нақши бузург бозида, садҳо сол ҳамчун сарчашмаи омӯзишӣ ва амалӣ дар донишгоҳҳо ва марказҳои тиббии ҷаҳон хизмат кардааст.
Бояд ёдовар шуд, ки давоми асрҳо осори Сино таваҷҷуҳи муҳаққиқону донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ ҷалб кардааст. Таъсири осори ӯ, аз ҷумла “Ал-Қонун фи-т-тиб”, дар рушди илми тиб ва ташаккули мактабҳои табобатӣ дар Шарқу Ғарб бениҳоят бузург аст. Ба таҳқиқ ва шарҳи осори ӯ олимону шарқшиносон ва фалсафашиносони барҷаста – монанди А.М. Гуашон, К.А. Наллино, К. Броккелман, Грюнебаум, Ҷ.Ш. Қанавотӣ, Забеҳулло Сафо, Сайид Хусайн Наср, А.М. Баҳоваддинов, А.В. Сагадеев, Абдураҳмони Бадавӣ, Яҳёи Ясрибӣ ва дигарон машғул шудаанд.
Чунончи аз қавли худи Абуалӣ ибни Сино нақл мешавад, ӯ дар ҷавонӣ дар Бухоро шогирдонеро тарбия кардааст ва оид ба илми тиб дар Ҳамадон китоберо мукаммал сохтааст. Дар ин бора яке аз шогирдони машҳури Абуалӣ ибни Сино Абуубайда Ҷузҷонӣ дар асараш “Рисолаи саргузашт” дар бораи таълифи асари “Ал-Қонун фи-т-тиб” ишора мекунад. Ба нақли ӯ, марҳалаи ҳаёти Ибни Сино дар Исфаҳон (1023-1037) босамартарин давраи камолоти эҷодии ӯ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои бузурги худ “Китоб-уш-шифо”, “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва “Донишнома”-ро ба итмом расондааст.
Бар асоси арзёбиҳои муҳаққиқон, Ибни Сино дар таълифи “Ал-Қонун фи-т-тиб” равиши илмиро сармашқи кор қарор додааст. Тибқи навиштаи Ҷузҷонӣ, Ибни Сино қисми аввали ин асарро тахминан дар 35-солагӣ, дар шаҳри Гургон таълиф кардааст. Ҳамзамон, тибқи гуфтаҳои ҳамин шогирдаш, макони анҷом ёфтани таълифи комили китоб шаҳри Ҳамадон зикр гардидааст. Ба ин тартиб, “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар Ҳамадон ба анҷом расидааст.
Бояд тазаккур дод, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб”, дар таърихи илми тиб мақоми баланд ва муассирро соҳиб аст. Ҷорҷ Сартон, муҳаққиқи маъруфи аврупоӣ, дар бораи ин асар бо эҳтиром изҳори назар намуда, онро яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин манобеи илми тиб дар таърихи башар арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “Ал-Қонун фи-т-тиб” на танҳо дар рушду такомули назарияҳои тиббӣ, балки дар ташаккули усулҳои амалии табобат низ нақши калидӣ доштааст.
Ин асар бо талоши шогирдони Ибни Сино ва пайравони ӯ дар муҳити илмии асрҳои миёна ба зудӣ паҳн гардида, ба китоби дарсӣ дар донишгоҳҳо ва марказҳои тиббии Шарқу Ғарб табдил ёфтааст. Дар партави ҳамин асар насли зиёде аз табибони варзида дар гӯшаҳои гуногуни олам тарбия ёфтаанд.
Ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” донишҳои тиббиро, ки то замони ӯ чун мероси муштараки инсоният шакл гирифта буданд, ба тартиби мантиқӣ дароварда, онҳоро бо таҳлил ва шарҳҳои муфассал мукаммал намудааст. Аз нигоҳи услуб ва забони нигориш, асар дорои баёни пухта ва адабиёти мураттаби илмӣ буда, бисёре аз тафсирҳо дар он маънои рамзӣ ва фалсафӣ касб кардаанд.
Ибни Сино дар ин асар садҳо навъи гиёҳҳои шифобахшро муаррифӣ мекунад, ки баъдан бахши зиёди онҳо ба доираи фармакологияи илмӣ шомил шуданд. Вай барои муолиҷаи бемориҳо се воситаи асосиро муайян намудааст: сухан (психотерапия), гиёҳ (табобати гиёҳӣ) ва теғ (амалиёти ҷарроҳӣ), ки то имрӯз низ дар равишҳои гуногуни тибби муосир истифода мешаванд.
Мавқеи Ибни Сино дар таърихи тиб танҳо ба ташхис ва муолиҷа маҳдуд намешавад. Саҳми ӯ дар пешгирии бемориҳо низ арзишманд аст. Ҳакими бузург таъкид мекунад, ки риояи машқҳои ҷисмонӣ, реҷаи муназзами ғизо ва хоби кофӣ асоси нигоҳдории саломатӣ мебошанд. Ин нуктаҳо имрӯз низ дар меҳвари саломатии ҷамъиятӣ қарор доранд.
Бо истифода аз мушоҳидаҳои тулонӣ ва мутолааи амиқи осори пешиниён, Ибни Сино назарияи худро оид ба омилҳои сирояти бемориҳои гузаранда таҳия намудааст. Ӯ аввалин нафарест, ки дар таърихи тиб ба мавҷудияти ҷонзодҳои ноаён (микроорганизмҳо) ишора намудааст, ки метавонанд сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ гарданд.
Аз нигоҳи забон ва фарҳанг, “Ал-Қонун фи-т-тиб” на танҳо асари илмӣ, балки манбаи пурқимати фарҳангӣ низ маҳсуб мешавад. Дар ҷараёни тарҷума ба забонҳои мухталиф, шумори зиёди истилоҳот ва вожаҳои тиббӣ, ки реша дар забонҳои арабӣ ва форсӣ доранд, ба фарҳанги илмии ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд ва имрӯз ҳам дар истилоҳоти тибби муосир ҷой доранд.
Яке аз вижагиҳои фарқкунандаи равиши Ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари табобати беморӣ, бештар ба табобати худи бемор таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамояд. Ба андешаи ӯ, ҳолати инсонро бояд дар иртибот бо муҳити зисташ омӯхт ва табобат бояд бо назардошти омилҳои беруна, аз ҷумла муҳити зист, роҳандозӣ шавад. Сино таъкид мекунад, ки самараи аълои табобатӣ танҳо дар шароити муҳити мусоид ба даст меояд.
Олими машҳур омилҳое чун боду ҳаво, муҳити зист ва фасли солро аз омилҳои асосии этиологӣ мешуморад. Маҳз таваҷҷуҳи ӯ ба ин самт имкон дод, ки роҳҳои муассири пешгирии бисёре аз бемориҳо таҳия шаванд. Ибни Сино вобаста ба ҳар фасли сол сифати хӯрок ва миқдори истеъмоли онро муайян намудааст ва тавсия медиҳад, ки тибқи ин танзим, ғизо бояд ба табиати фасл ва организми шахс мутобиқ гардад.
Ҳамзамон, Ибни Сино барои нигоҳдории саломатӣ ҳафт омили калидиро номбар менамояд:
• мувозинати мизоҷ;
• интихоби дурусти ғизо;
• поксозии бадан аз моддаҳои зиёдатӣ;
• пешгирии фарбеҳӣ;
• поксозии роҳи нафас аз моддаҳои зараровар;
• либоси тоза ва муносиб;
• Мувозинати ҳаракатҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ.
Ғизоро ӯ на танҳо манбаи неру, балки воситаи табобат медонад ва таъкид мекунад, ки одам бояд хӯрокро ҳамчун дору қабул кунад. Ӯ реҷаи ғизоро вобаста ба фасл, синну сол ва хосиятҳои инфиродии инсон муайян намудааст ва ин равишест, ки то имрӯз ҳам дар илми парҳезшиносӣ эътибори худро гум накардааст.
Дар заминаи назарияҳои беморӣ, Ибни Сино нақши системаи асабро дар робита бо муҳити зист баррасӣ намуда, ин мутақобилиятро дар инкишофи бемориҳо муҳокима мекунад. Ин андешаи вай заминаи аввалин барои равиши руҳ-ҷисм-дармон (психосоматика) ба шумор меравад.
Пешниҳодҳои ӯ дар соҳаи тарбия, инкишоф ва муолиҷаи кӯдакон низ аҳамияти баланд доранд. Муаррихони илмҳои тиб дар асоси ҳамин андешаҳо Ибни Синоро аз ҷумлаи асосгузорони илми педиатрия мешуморанд. Дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” омадааст, ки барои рушди ҷисмонию равонии кӯдак ва ташаккули ахлоқии ӯ тарбияи ҳамаҷониба зарур аст, то кӯдак шахсияти доно, ҷасур, боадаб ва солим рушд ёбад.
Дар ҷамъбаст метавон хулоса кард, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар илми ҷаҳонӣ на танҳо ҳамчун манбаи тиббӣ, балки чун поягузори равиши муосири тибби “комилан фарогир” шинохта шудааст. Усулҳои табобатие, ки Ибни Сино пешниҳод намудааст, махсусан усули руҳ-ҷисм-дармон, имрӯз дар бисёре аз низомҳои тибби ҷаҳонӣ ҳамчун равиши муассир ва илмӣ пазируфта шудаанд.
Муҳиддин Нуриддин ДАВЛАТАЛӢ, ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор