Баргашт Чоп кардан

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ЗАБОНИ ИЛМУ ФАЛСАФАИ ЗАБОНИ ФОРСӢ – ТОҶИКӢ

Имсол ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии олам 1045-солагии яке аз нобиғаҳои миллати тоҷик ва башар Шайхурраис Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (370 ҳ./ 980 м.- 428 ҳ./1037 м.)-ро ҷашн мегирад. Дар ҳошияи бузургдошти мутафаккир, мо тасмим гирифтем, ки дар пояи осори мантиқӣ ва фалсафии андешаманд ба забони форсӣ-тоҷикӣ перомуни забон ва истилоҳоти он як таҳқиқи мухтасар анҷом диҳем.
Аз назари илми забоншиносӣ вижагии осори фалсафӣ ва илмии Ибни Сино дар муқоиса бо дигар андешамандон дар ин аст, ки ӯ чун мутафаккири дузабона ё худ ба истилоҳи илми забоншиносии муосир билингвист, мероси илмӣ ва фалсафии худро ба ду забон: форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ таълиф намуда, тавонистааст дастгоҳи истилоҳоти онҳоро низ дар шакли мукаммал ва мураттаб танзим намояд. Аз ҷиҳати дигар, шумулияти осори ӯ аз назари нигориши забони фалсафа, гуногунии масоили илмию фалсафӣ ва ҳаҷму андозаи ин осор ба гунае арзи вуҷуд намудааст, ки қариб ҳеҷ соҳаи илмҳои асримиёнагӣ аз дидгоҳи мӯшикофонаи ӯ дур намондааст.
Илова бар ин, вижагии дузабона будани Шайхурраис ва мероси фалсафии ӯ имкон фароҳам сохтааст, ки дар муқоиса бо осори арабии ӯ раванди пайдоиш, пешрафт ва ташаккули истилоҳоти фалсафӣ ва мантиқиро дар забони форсӣ-тоҷикӣ муайян созем. Аз ин рӯ, мо дар ин ҷо танҳо дар бораи забони осори фалсафӣ ва истилоҳоти навиштаҳои Ибни Сино ба забони форсӣ-тоҷикӣ таваққуф хоҳем кард.
Чун дар бораи зуҳури шахсияти илмӣ ва фарҳангии Ибни Сино сухан гӯем, ин воқеияти таърихӣ пеши назар намудор мегардад, ки Ибни Сино зода ва парвардаи рӯзгори давлату давлатдории тоҷикон ва ҳомиёну пешбарандагони забони тоҷикӣ – дудаи Сомониён аст, ки онро ховаршиноси машҳур А.А. Семёнов чунин иброз доштааст: “ Аз лиҳози баромади нажодӣ ва шароите, ки Ибни Сино чун олим парвариш ва ташаккул ёфт, пеш аз ҳама, ба гузаштаи таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик вобаста аст [Семёнов А.А. Абу-Али Ибн Сино (Авиценна). Госиздат при СНК Таджикской ССР. Сталинабад, с. 5].
Яке аз хусусиятҳои ташаккули забони адабии миллӣ – ин пайдоиш ва шаклгирии навъҳои мухталифи осори хаттии он аст, ки бо соҳаҳои муайяни ҷомеа алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ҷумлаи чунин соҳаҳо забони илм ва фалсафа бо шохаҳои гуногун ва истилоҳоти он мебошад. Охири асри X ва оғози асри XI дар таърихи забони адабии миллии тоҷик марҳалаи пайдоиш ва ташаккули ҳамин навъи забони адабии миллӣ ба шумор меравад, ки дар ин даврон аввалин асарҳои мукаммали фалсафӣ ва истилоҳоти он ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта мешавад. Муқоисаи таърихӣ байни забони форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ нишон медиҳад, ки агар то аввалҳои асри X истилоҳи забони фалсафа дар забони арабӣ ба сабаби тарҷумаҳо аз юнонӣ, сурёнӣ ва паҳлавӣ ва ба шарофати асарҳои асили фалсафӣ – дар муддати зиёда аз ду қарн – ташаккул ёфта бошад, пас забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин ҷода гомҳои аввалинро мегузошт, зеро омилҳои объективии зерин сабабгори чунин ҳолат гардида буданд:
1) табдили хатти паҳлавии забони форсии миёна ба хатти арабӣ;
2) интишор ва густариши забони арабӣ чун забони дин, сиёсат, илму адабиёт ва муоширати қавмҳо;
3) дар сурате, ки забони арабӣ таҷриба ва таърихи зиёда аз садсолаи рушду такомули истилоҳоти фалсафӣ дошт, забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин ҷода қадамҳои аввалин мегузошт;
4) агар воситаи алоқаи байни забонҳои арабӣ ва юнонӣ тарҷумаҳои сурёниҳое буданд, ки забонҳои сурёнӣ, арабӣ ва юнониро медонистанд ва онҳо сабабгори пайдоиш ва ривоҷу равнақи забони илм ва фалсафаи арабӣ гардиданд, пас барои забони форсӣ-тоҷикӣ чунин пайванд танҳо забони арабӣ буду бас. Ин хел тарҷумаҳо ҳанӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ вуҷуд надоштанд, ҳатто баъдҳо ҳам чунин тарҷумаҳо хело кам ва ночиз ба назар мерасанд;
5) осори ба форсии миёна тарҷумакардаи Ибни Муқаффаъ ва дигар муаллифони даврони Сосониён, ки чун асосе барои тарҷумаҳои арабӣ буданд, то замони мо нарасидаанд [Ливщиц В.А., Смирнова Л.П. Язык "Данишнаме" и роль Ибн Сины в развитии персидско-таджикской научной терминологии // Письменные памятники и проблемы истории культуры народов Востока. ХУ Годичная научная сессия ЛО ИВ АН СССР. ч. Ш,- М., 1981. - С.118].

Ба ҳамагон рӯшан аст, ки забони форсӣ-тоҷикӣ тули давлатдории Сомониён дар оғози асри Х ва нимаҳои дуюми асри ХI дар шеър ба пешрафтҳои чашмрас ноил гашта буд. Зикри номҳои чунин бузургон, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Балхӣ ва дигарон, кофист, ки ин андешаро тақвият диҳем.
Вале ин забон дар ин рӯзгор ва дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон дар соҳаи нав – истилоҳсозии илмӣ ва фалсафӣ, чунонки ишора гардид, қадамҳои аввалинро мегузошт. Дар чунин вазъи забонӣ ва сиёсӣ тақвият бахшидани мақом ва мартабаи забони модарӣ барои амирони вақт – дудмони Сомониён, аз дидгоҳи сиёсӣ ду манфиат дошт: 1) бо пурқувват кардани пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, мебоист забони модариро низ аз маҳдудияти танҳо соҳаи шеъру адабиёт берун кашида, ба соҳаи фалсафа ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҷалб кард; 2) бо боло бурдан ва густариш додани мақоми забони модарӣ, амирони Сомониён ҳадаф гузошта буданд, то мустақилияти сиёсӣ ва фарҳангии худро дар баробари хилофати араб нишон диҳанд, зеро ин нукта дар илм пазируфта шудааст, ки яке аз омилҳо ва унсурҳои мустақилият ва ягонагии ҳар миллате мақом ва мартабаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ишғол кардани забони модарӣ мебошад. Ғайр аз ин, тақвият бахшидани забони модарӣ дар даврони Сомониён, чунонки донишманди шинохтаи эронӣ Муҳаммади Муин [Муин М. Луғоти форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт. II Маҷаллаи донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон. 1333 ш. - С.4] андеша дорад, ин аст, ки оммаи мардум ва ҳатто, табақаи миёнаи мардум аз забони арабӣ ҷуз он чи марбут ба фароизи динӣ буд, чизе намедонистанд, бинобар ин китобе, ки барои истифодаи ин табақот навишта мешуд, ногузир мебоист ба забони модарии онон таълиф шавад.
Омили дигаре, ки барои пайдоиши шахсияти илмӣ ва фарҳангии Ибни Сино нақши муҳим бозид, муҳити фарҳангии рӯзгори Сомониён буд, зеро наҳзати тарҷума дар замони Мансур ибни Нуҳ ва Нуҳ ибни Мансур ба авҷи аъло расид. Дар ин рӯзгор аз куҳантарин осори мансури форсӣ-тоҷикӣ: тарҷумаи "Калила ва Димна", "Синбоднома", "Шоҳнома", тарҷумаи "Тафсири Табарӣ", тарҷумаи "Саводи аъзам", асар доир ба илми дорусозӣ "Ал-Абнийа ан ҳақоиқ ал-адвийа"-и Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ, "Китоб ал-ҳидойа лил-мутаъаллимин фӣ ат-тиб"-и Ахавайни Бухорӣ, рисолаи тиббии шеърии Ҳаким Майсарӣ "Донишнома", китоби "Аҷоиб ал-булдон"-и Абумуайяди Балхӣ, дастуруламали мухтасар доир ба нуҷуми "Ал-Мадхал ило илм ал-аҳком"-и Абунасри Қумӣ, рисола "Дар аҳкоми фуқаҳои ҳанафӣ"-и Абулқосим Ҳакими Самарқандиро зикр кардан мумкин аст. Ин иқдомоти тоза сабабгори эҳёи фарҳанг, шеъру адабиёти форсӣ ва бавижа густариши забони адабии форсӣ-тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни илм гардид.
Ҳарчанд ба Ибни Сино асарҳои зиёд ба забони форсӣ-тоҷикӣ мансуб медонанд, вале бисёре аз онҳо ҳанӯз номаълум буда, дар миёни онҳо "Донишномаи Алоӣ" ва "Рисола дар ҳақиқат ва кайфияти силсилаи мавҷудот ва тасалсули асбоб ва мусаббибот" ва "Рисола андар набз" машҳур ва маълум буда, мо ҳангоми таҳқиқ ва баррасии забон ва истилоҳоти осори фалсафии ӯ ба ин се асар такя кардаем.
Мавриди таъкид аст, ки ҳамаи асарҳои мантиқӣ, фалсафӣ ва илмии Шайхурраис аз ҷиҳати усул, матолиби илмӣ ва равиши таҳқиқ, унвону бобҳо, фаслу мақолаҳо ва аз назари услуб ва сабки нигоришу баён ва тариқаи ба бобу фаслҳо ҷудо кардани онҳо бисёр ба ҳам наздик ва илмӣ буда, услуби нигориши ӯ аз афзалияти баланди илмии ӯ шаҳодат медиҳанд. Бузургтарин ва мукаммалтарин асари ба забони форсӣ-тоҷикӣ офаридаи мутафаккир “Донишномаи Алоӣ" байни солҳои 1031 ва 1037 бо фармони Алоуддавла Муҳаммад ибни Коквайҳ (1007-1041) дар Исфаҳон навишта шудааст. Ин асар бахшҳои мантиқ, табииёт ва илоҳиётро дар бар гирифта, қисмҳои дигари он: ҳандаса, нуҷум, ҳисоб ва мусиқиро шогирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ илова кардааст.
Ҷойи ишорат аст, ки устод М. Муин бахше аз ҷузъҳои “Донишнома” [Муин М. Луғоти форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт. II Маҷаллаи донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон. 1333 ш. - С.4.]-ро мавриди таҳқиқи оморӣ қарор додааст. Илова бар таҳқиқи ӯ, мо матни пурраи "Донишнома"-ро мавриди таҳқиқи мустақили оморӣ қарор дода, ба чунин натиҷа расидем, ки дар “Донишнома” зиёда аз 58 ҳазор калима гирдоварӣ шуда, 42 ҳазори онҳо аз калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ ва 17 ҳазори онҳо аз вожа ва муфрадоти арабӣ иборат аст. Таносуби фоизии миқдори калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ 71 дарсад ва миқдори иқтибосоти арабӣ танҳо 29 дарсадро ташкил медиҳад. Тибқи таҳқиқоти мухталиф, шумораи иқтибосоти арабиасос дар забони муосири тоҷикӣ байни 40-45 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар такя ба забони нигориши “Донишнома” ва дигар асарҳои ӯ ва ошноӣ ба осори форсӣ-тоҷикӣ ва арабии Шайхурраис дар солҳои тулонии тарҷума ва таҳқиқот мо қазоват карда метавонем, ки дар насри форсӣ-тоҷикӣ ҳеҷ асаре тоҷикитар аз “Донишномаи Алоӣ"-и Ибни Сино вуҷуд надорад.

Аз он ҷо ки Ибни Сино, пеш аз ҳама, файласуф буда, забон барои ӯ воситаи баёни матлабу масоили фалсафӣ ва мантиқӣ хизмат карда, табиист, ки дар “Донишнома” ва дигар асарҳои ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ навиштаи худ ҷанбаҳои сирф забонии калима ва истилоҳотро мавриди таҳқиқи махсус қарор додан наметавонист, зеро калима ва истилоҳ барои Ибни Сино, пеш аз ҳама, воситаи шарҳу баёни дақиқи мафҳумҳо ва матолиби фалсафӣ хизмат мекард. Аз ин рӯ, чунонки дар осори ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ навиштаи ӯ мушоҳида менамоем, диққати ӯ ҳамеша ба таъбири сегонаи "мафҳум – истилоҳ – калима" нигаронда шуда, ба сурати воқеи пайдоиши истилоҳоти илм ва фалсафа дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба номи Ибни Сино боз мегардад, зеро ҳеҷ соҳаи илмҳои асримиёнагӣ вуҷуд надошт, ки Ибни Сино онҳо ва истилоҳоти онҳоро ба сурати мукаммал созмон надода бошад. Албатта, дар осори Шайхурраис роҳҳои гузариш ва тарзи истилоҳэҷодкунӣ ва истилоҳгузиниро ба сурати муайян аз як забон ба забони дигар ва дар айни ҳол, аз забони арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ нагуфтааст, - чун ин падида аз бозёфтҳои забоншиносии муосир аст, - вале дар осори форсӣ-тоҷикии ӯ роҳҳои гуногуни истилоҳэҷодкунӣ ва истилоҳгузинӣ мушоҳида мегардад.
Ҳанӯз устод С. Айнӣ маҳорати Ибни Синоро дар "Донишнома” дар истифодаи калимаҳои аслии тоҷикӣ ба маънои истилоҳи фалсафӣ нишон дода буд, ки Ибни Сино бо офаридани “Донишнома” дорои захираҳои фаровони дохилӣ будани забони порсии дариро барои офаридани осораш собит сохт ва худ низ дар ин ҷода саҳми босазо гузошт.
Раванди ба истилоҳ табдил ёфтани калимаҳои роиҷ ва мутадовили забонро ҳанӯз файласуфи бузург Ал-Форобӣ дар асари машҳури худ "Алфозе, ки дар илми мантиқ истифода мешаванд" бисёр олимона ва дақиқ баён карда, мегӯяд: "Дониста боястӣ, ки мардум навъҳои алфози дар илми наҳв корбастшавандаро ба як маъно ва аҳли илм ба маънои дигар ба кор мебаранд ва илми наҳв ба калима аз рӯйи далолати машҳуру маълуми онҳо дар назди омма (ҷумҳур) диққат медиҳад, на ба он маъное, ки олимон онро истифода мекунанд" [Фараби. Книга о словах, употребляемых в логике. Перев. с арабского, вводная статья и комментарии С. Сулаймонова, Б.С. Сулаймонова. – Душанбе, 2024. с.36, 37].
Дар илми забоншиносии муосир ва умуман, дар ҳар як забони мустақили ҷаҳон ҳангоми таҳқиқ ва баррасии роҳҳои пешбурд ва ғанӣ гардондани фонди луғавии ин ё он забон, пеш аз ҳама, ба фонди луғавии худи он такя гардида, пасон аз рӯйи зарурат ва эҳтиёҷот аз забонҳои дигар истифода мегардад. Ибни Сино чун дӯстдор ва тарғибгари забони модарии хеш ба фонди луғавии забони форсӣ-тоҷикӣ рӯ оварда, бо назардошти таҷрибаи бойи истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинии худ дар забони арабӣ, дар мисоли адади бешумори осори илмӣ ва фалсафии ӯ ба забони арабӣ – забони илм ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикиро ба маънои пурраи ин калима мураттаб сохт. Акнун садҳо ва садҳои калимаҳои одӣ ва ривоҷдоштаи форсӣ-тоҷикӣ ба шарофати осори Шайхурраис мақом ва манзалати илмӣ ва фалсафиро ба худ касб карданд. Аз назари илми забоншиносии муосир ва гуфтаи Абунаср ал-Форобӣ раванди аз калимаи одӣ ба истилоҳи илмӣ табдилёбии муфрадоти алоҳидаи забони форсӣ-тоҷикӣ тавассути осор ва бозёфтҳои забоншиносии Ибни Сино оғоз шуда, саранҷом ба пайдоиши забони илм ва фалсафа дар ҳавзаи илмии забони форсӣ-тоҷикӣ фарҷом ёфт, ки дар ин ҷода саҳми Шайхурраис бесобиқа ва сутуданист. Ибни Сино дар "Донишнома" ва дигар осори форсӣ-тоҷикии худ садҳо ва садҳо калимаҳои рӯзмарра ва ба сурати маъмулӣ ривоҷдоштаи забони форсӣ-тоҷикиро мақоми истилоҳи фалсафӣ дода, забони форсӣ-тоҷикиро аз ҳавзаи шеър ва каломи мавзун ба соҳаи шинохт ва баёни мазмуну матолиби фалсафӣ равона кард. Намунае аз хирвори чунин вожаҳо ва таркибҳое, ки Ибни Сино дар осори форсӣ-тоҷикии худ ҳамчун истилоҳ ба кор бурда, дар қарнҳои баъдина аксари мутлақи онро файласуфони форсизабон мавриди истифода карор додаанд, аз ин қарор аст: ном, ҷон, тан, ҷунбиш, канора, чанд, ҷунбонанда, ҷунбиш, ромиш, куниш, оташӣ, обӣ, карда, ҷавҳар, фурусӯ, шинохт, ҷони сухангӯе, андомҳои коркуниш, он чи сипаси табиат аст, аз чи чизӣ пурсад, покии ҷон, зудҷунб, дерҷунб, ҷунбиши ҷунбонанда, шинохти Офаридгор, писаргар, он чи берун аз табиат аст ва садҳо ва садҳо калимаҳои дигар, ки Ибни Сино дар асарҳои худ корбаст кардааст. Аз лиҳози назарӣ ва фалсафаи забон Ибни Сино калима ва вожаҳои маъруфи форсӣ-тоҷикиро, ки дар шеъри оламшумули форсӣ роиҷ ва равон буданд, мақому маънии нав дод, забони форсӣ-тоҷикиро аз маҳдудиятҳои миллӣ берун кашида, воқеан, ин забонро дар радифи забони арабӣ қарор дода, тавонмандӣ ва аҳамияти онро ба мартабае баровард, ки садсолаҳои зиёд забони давлатӣ ва илмии бархе аз мамолики ғайри форсӣ низ шинохта шуд.

Аз лиҳози забоншиносии муосир дар осори ба форсӣ-тоҷикӣ навиштаи Ибни Сино, махсусан "Донишнома", хизматҳои зерини Шайхурраисро дар истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ таъкид карда метавонем:
1. Истифодаи калима ва иқтибосоти арабӣ дар шакли асили онҳо, ки аз истилоҳоти муҳими мантиқ ва фалсафа буда, аз замони андешаманд ва то ҳол дар фонди луғавии забони форсӣ-тоҷикӣ чунон ҷо гирифтаанд, ки онҳоро ба калимаҳои дигар иваз кардан душвор аст, чун: қазия, муқаддима, аруз, араз, хитоба, шеър, муғолата, тамсил, толӣ, муқаддам, изофа, ҳамлӣ, маҳмул, мавзуъ, мобаъдаттабиа, фалсафа, ҳикмат ва садҳо калимаҳои ди-гар. Ба ақидаи эроншиноси фаронсавӣ Ж. Лазар Ибни Сино бо навиштани "Донишнома" аз истифодаи иқтибосоти арабӣ ҳазар накард ва бо истифода аз ин иқтибосот дар "Донишнома" истилоҳи миллӣ- фалсафиро ба вуҷуд оварда, роҳи танг ва маҳдуд кардани истифодаи истилоҳоти фалсафии арабиро пеша накард.
Ба ақидаи донишманди муътабар А. Массэ, қисматҳои "Донишнома", ки ба шарҳу баёни фаслҳои истилоҳи "воҷиб ал-вуҷуд" бахшида шудаанд, ба беҳтарин нигоришоти илмии матнҳои фалсафӣ дар забони форсӣ тааллуқ доранд.
2. Хидмати арзандаи дигари Ибни Сино дар ин буд, ки "Донишнома" чи ба асарҳои фалсафии замони худ ва баъд аз худ таъсири чашмрас расонд. Низоми истилоҳсозӣ ва истилоҳоти дар "Донишнома" истифодагардида намуна барои навиштани асарҳои фалсафии Носири Хусрав, Умари Хайём, Ғазолӣ, Насириддини Тӯсӣ, Афзалиддини Кошонӣ гардид, ки онҳо бо истифода аз истилоҳот ва навпардозиҳои Ибни Сино чун шакли "пазир" ва "пазиранда" худ низ истилоҳоти нав офариданд. Ба сурати умум, агар осори фалсафии форсизабонро аз замони Ибни Сино ва то даврони Аҳмади Дониш таҳқиқ намоем, чунин ба назар мерасад, ки ҳамагон, асосан, ҳамон низоми истилоҳотеро, ба истиснои бархе аз истилоҳот ва шеваи нигориш, ба кор бурдаанд, ки Ибни Сино дар "Донишнома" истифода карда буд. Барои мисол, аз нуҳ мақулаи Apacтy, ки Ибни Сино онҳоро ба истиснои мақулаи "изофа" ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума карда буд, каси дигаре то замони мо онҳоро дигар тарҷума накардааст ё худ муодили мувофиқе барои он пайдо карда натавонистаанд.
3. Аз хидматҳои барҷастаи забонӣ ва маҳорати истилоҳсозии Ибни Сино дар "Донишнома" майли илмӣ додани бисёре аз пасвандҳои асили форсӣ ва тарҷумаи баъзеи онҳо аз арабӣ мебошад. Ба ақидаи М. Муин, Ибни Сино дар "Донишнома" бори аввал пасвандҳо (преффиксҳо)-и калимасози "пазир"- баҳрапазир, ҷунбишпазир, пайвандпазир ва ғайраро кардааст, ки он тарҷумаи шакли сифати феълии арабии "қобил" мебошад; суффиксҳои "гар" – писаргар, дурудгар, ҷиҳатгар, хонагар, пайдогар; пазирӣ – ҷунбишпазирӣ, пайвандпазирӣ, қисматпазирӣ; дагӣ-кунандагӣ, гусаландагӣ, монандагӣ; ӣ – кайӣ, чичизӣ, чигунагӣ, бешӣ, камӣ, бисёрӣ, дучандонӣ, ҳаройинагӣ, коим ба нафс будан; ят – ғайрият, обият; иш – дониш, гардиш, гироиш, гудозиш, полоиш, парвариш, тобиш, зоиш, молиш, куниш; гин- канорагин, ҳадди миёнагин, илми миёнагин ба маънои "математика"; деҳ – зоишдеҳ, ғазодеҳ, ҳастидеҳ, тухмдеҳ, ки аз тарҷумаҳо ва аз навпардозиҳои Ибни Сино дар "Донишнома" ва дигар асарҳои форсии ӯ мебошанд.
4. Аз хидматҳои бузурги Ибни Сино барои забони фалсафаи форсӣ-тоҷикӣ истифодаи васеи сифатҳои феълӣ барои баёни истилоҳоти ҳархелаи фалсафӣ мебошад. Намунаи чунин сифатҳои феълӣ инҳоянд: бо пасванди анда – омӯзанда, андешанда, афкананда, бинанда, ҷунбанда ва ғайра, ки дар зери таъсири сифатҳои феълии вазни "фоил"-и арабӣ ва хеле моҳирона ва зебо бо назардошти қоидаҳои забони форсӣ-тоҷикӣ сохта шудаанд; бо пешванди инкории "но" – ногарданда, номонанда, нораванда, носитеҳанда, ногироянда; ҳамроҳ бо пешванди "андар" андарёбанда, таркибпазиранда, коркунанда, бакорраванда; бо пасванди "о" – пазиро, кушо, куно, тавоно, нопазиро, шунаво, гӯё; бо пасванди "а" – карда, пазируфта, оромида, дониста, нодониста, ошуфта, пайваста; бо суффикси "анӣ" – бӯйиданӣ, чашиданӣ, диданӣ, карданӣ, донистанӣ, нодиданӣ, гироистанӣ, шунуданӣ ва ғайра пешванду пасвандҳои забони форсӣ-тоҷикӣ, ки Ибни Сино дар сохтани истилоҳҳои фалсафӣ, бори аввал истифода кардааст, ки баъдан ин таҷрибаи ӯро дар таълифи асарҳои фалсафӣ васеъ истифода кардаанд.
5. Ибни Сино бо навиштани "Донишнома" исбот кард, ки забони форсӣ-тоҷикӣ қодир аст, на танҳо забони ширин ва шевои шеъри форсӣ бошад, балки метавонад, нозуктарин мафҳумҳои мантиқӣ ва илоҳиётшиносиро ба сурати дақиқ баён намояд.
Хидмати барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангии Ибни Сино бо навиштани "Донишнома" ин буд, ки ӯ тамоми асарҳои ба арабӣ навиштаи худро дар ҳамин асар ҷамъбаст карда, барои пойдор намудани руҳияи забонӣ ва сиёсии тоҷикону эрониён заминаи пурқуввате гузошт. Шояд, ки ҳамин муносибати Ибни Сино ба забони модарии порсии дарӣ буд, ки то имрӯз ин забон дар тули даҳ қарн бо вуҷуди тохтутозҳои аҷнабиён ва танг кардани мақом ва манзалати вай зинда монд. Аз ин рӯ, Ибни Сино аз зумраи он шахсиятҳои ҷовидонаи фарҳангу илми форсизабонон аст, ки на танҳо бо осори илмӣ, фалсафӣ, адабӣ ва фарҳангии худ мақом ва манзалати форсизабононро дар таърихи башарият абадӣ кард, балки худи забони форсӣ-тоҷикиро бо навиштани "Донишнома" ва дигар асарҳояш ба ин забон ҳамеша ва барои ҳама замонҳо чун забони илму адаб ҷовидонӣ сохт.

Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ,
сарходими Маркази синошиносии АМИТ, доктори илмҳои филология