Баргашт Чоп кардан

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ХАТАРИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. БАРОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО МУТТАҲИД БОЯД ШУД

Тағйирёбии иқлим, ки ба обшавии пиряхҳо таҳдид мекунад, яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯз мебошад ва дар солҳои охир диққати ҷомеаи илмӣ ва ҷаҳониро ҷалб кардааст. Бар асари тағйирёбии ҳарорат ва дигар омилҳои иқлимӣ, пиряхҳо зуд об ва кам мешаванд. Ҳамзамон, обшавии пиряхҳо боиси болоравии сатҳи баҳр мегардад, ки ба кӯчидани миллионҳо одамон ва талафоти бузурги иқтисодӣ оварда мерасонад.
Дар натиҷаи зуд об шудани пиряхҳо дар баландкӯҳҳо кӯлҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки рахнашавии онҳо боиси обхезиҳои харобиовар мешавад. Дар фасли баҳору тобистон обшавии босуръати барфу пиряхҳо боиси фаромадани ярч мегардад, ки ба водиҳо таҳдид мекунад ва мисоли равшани инро мо қариб ҳамасола дар минтақаҳои кӯҳии кишвар мушоҳида мекунем. Гузашта аз ин, ақибнишинии пиряхҳои кӯҳӣ ҷараёни дарёҳоро кам карда, ба паст шудани ҳосили зироат ва гидроэнергетика таъсир мерасонад. Инчунин, тағйирёбии иқлим боиси марги бисёр ҳайвонот ва рустаниҳо мегардад, ки ба шароити нав мутобиқ нашудаанд. Тибқи пешгӯии олимон, агар дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешида нашаванд, дар охири асри XXI аксари пиряхҳои хурд комилан аз байн хоҳанд рафт.
Аз ин рӯ, эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳоеро, ки дар ҳудудашон пиряхҳо мавҷуданд, ба андешидани як қатор тадбирҳо вазифадор менамояд.
Ҳарчанд масъулиятҳои мушаххас вобаста ба ҳар кишвар аз ҳам тафовут доранд, аммо як қатор бахшҳои калидӣ мавҷуданд, ки кишварҳо метавонанд аз рӯи онҳо амал намоянд. Масалан, мониторинг ва тадқиқот. Гузарондани тадқиқоти илмӣ оид ба арзёбии ҳолати пиряхҳо, тағйирёбӣ ва таъсири онҳо ба сатҳи баҳр аз тадбирҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мешаванд.
Кишварҳо метавонанд дар лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва табодули маълумот оид ба пиряхҳо ширкати фаъолона дошта бошанд. Инчунин, баҳри нигоҳдории пиряхҳо стратегияҳои ҳифзи экосистемаҳои пиряхҳоро таҳия ва татбиқ намоянд.
Ҳамкорӣ ва шарикӣ низ дар ҳалли муштараки масъалаҳои марбут ба пиряхҳо нақши муҳим дорад. Гузашта аз ин, таҳия ва татбиқи сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо нигаронда шудаанд, аз қабили дастгирии созишномаҳои байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи Париж оид ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, сармоягузориҳо ба рушди устувор, аз ҷумлаи чораҳои муҳим дар ин самт дониста мешаванд.
Ҷойи нигаронии ҷиддӣ ин аст, ки бино ба хулосаи ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ имрӯз обшавии пиряхҳо ба авҷи худ мерасад. Дар гузориши иқлимшоносон, ки дар сомонаи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СҶО) нашр шудааст, аз суръати бесобиқаи таназзули пиряхҳо дар саросари ҷаҳон таъкид мешавад ва даъват ба иқдомоти фаврӣ ва қатъии пешгирии оқибатҳои фалокатбор садо медиҳад.
Тавре дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло изҳор дошт: «СҶО ба наздикӣ тасдиқ кард, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо буд ва борҳо сатҳи сурхи хатарро бинобар иқлими мо, аз ҷумла ақибнишинии пиряхҳо, эълон кардааст. Соли 2023 бузургтарин талафоти вазни пиряхҳо дар 50 соли мушоҳидаҳо сабт гардид. Ин ду соли пайдарпай буд, ки тамоми минтақаҳои дар ҳудудашон пиряхдошта аз талафоти он хабар доданд.
Обшавии пиряхҳо ба амнияти дарозмуддати захираҳои оби миллионҳо одамон таҳдид мекунад. Ин соли байналмилалӣ бояд барои тамоми ҷаҳон як бонги ҳушдор бошад».
«Ҳифзи пиряхҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Ин яхбандиҳои қадима на танҳо оби яхбаста аст, балки нигаҳдорандагони таърихи иқлими сайёраи мо, сарчашмаи ҳаёт барои миллиардҳо одамон ва ҷойҳои муқаддас барои намояндагони бисёр фарҳангҳо мебошанд. Нобудшавии босуръати онҳо ин ёдрассозии қатъӣ дар бораи он аст, ки мо бояд фавран амал намоем», – мегӯяд директори генералии ЮНЕСКО Одре Азуле.
Мавриди зикри хос аст, ки Тоҷикистон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) барои коҳиш додани партовҳои гулхонаӣ ва дигар газҳои зараровар ба атмосфера фаъолона чораҷӯӣ менамояд. Ҷумҳурӣ дар рушди гидроэнергетика ҳамчун манбаи асосии энергияи тоза таваҷҷуҳ мекунад, ки вобастагӣ аз сӯзишвориро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, Тоҷикистон лоиҳаҳои барқарорсозии ҷангал ва зиёд кардани майдони ниҳолҳои сабзро, ки дар азхудкунии гази карбон нақши муҳим доранд, амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, таъсиси Маркази байналмилалии пиряхшиносӣ яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки тақдири пиряхҳо ва ояндаи сайёраи мо бо ҳам алоқамандии зич доранд. Тағйирёбии иқлим таҳдиди ҷиддӣ аст, аммо мо ҳанӯз вақт дорем, то чора андешем. Бо муттаҳид кардани қувваҳо метавонем пиряхҳоро муҳофизат ва ояндаи устуворро барои ҳама таъмин намоем.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»