15-уми август вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уки доир гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо густариши муносибатҳои байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои байнипарламентӣ минбаъд низ рушд ёфта, дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла қонунгузорӣ, таҳким меёбанд.
Ёддоштҳои табодулӣ доир ба лоиҳаи «JDS» байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон
15-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута вохӯрд.
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Пас аз анҷоми мулоқот ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» дар чаҳорчӯби кумакҳои бебозгашти Ҷопон (ODA) ба имзо расиданд.
Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ ташкил шуд
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъиро таъсис дод.
Тавре дар дафтари иттилоотии Агентӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ҳадаф аз таъсиси Комиссия ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар ин самт ва мусоидат ба иҷрои самараноки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 мебошад.
Дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Приморск
15-уми август дар шаҳри Владивосток мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори кишвари Приморск Олег Кожемяко баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Приморск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
КВД «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН»
70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ
«Саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли 70 фоизи борҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд»,– иттилоъ доданд ба хабарнигори «Ҷумҳурият» дар маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Таъкид гашт, ки соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан беш аз 3,6 миллион тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 боркашонӣ 113,8 фоиз ва мусофирбарӣ 100,1 фоизро ташкил медиҳад. 90,3 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 5,9 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 3,7 фоиз ба боркашонии маҳаллӣ рост меояд.
Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошкент
Бо мақсади рушди робитаҳои корӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳайати кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошкент сафар намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи боздиди ҳайат бо роҳбарияти милитсияи шаҳри Тошкент мулоқот баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар самти таъмини амнияту бехатарӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилу кибернетикӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.