Геран ҳамчун гули хушбӯй аз Африқои Ҷанубӣ ба олам паҳн мегардад. Ба Россия он соли 1795 оварда, тули садсолаҳо ҳамчун гули хонагӣ парвариш мешавад. Баробари рангҳои ҷолибу дилкаш доштан, геран дар худ бӯйи пудина, лимӯ, афлесун, себро ҷамъ овардааст. Баъдан дигар хусусияти геран маълум гашт ва ҳамчун зироати пурарзиш дар саноат коркард мешавад.
Геран ба хунукӣ тобовар нест, аз ин сабаб, асосан, дар гармхонаҳо парвариш меёбад. Аз як тонна баргу пояи геран то 1,8 литр равған гирифта мешавад. Равғани ин зироати хушбӯйро дар корхонаҳои истеҳсоли атр, собун ва дигар маводи беҳдоштӣ истифода мебаранд.
Парвариши навъи нави геран ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ омад. Шуруъ аз солҳои 30-юми асри гузашта парвариши геран оғоз меёбад ва ҷиҳати инкишофи ин зироат дар сатҳи давлат низ тадбирҳо андешида мешуданд. Таҷрибаҳои аввалин натиҷаҳои хуб доданд ва аз ин хусус дар воситаҳои ахбори омма низ мавод ба табъ мерасид. Регар. Тоҷикистон барҳақ дар Иттифоқи Советӣ доир ба парвариши геран аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста мешавад. Соли 1931 дар ноҳияи Регар совхози геранпарварии “Эфиронос” ташкил ёфт. Таҷрибаи совхози “Эфиронос” нишон дод, ки дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои рушди минбаъдаи ин зироат зиёданд.
Солҳои баъдӣ парвариши геран дар хоҷагиҳои махсуси ноҳияҳои Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) ва Регар (ҳозира шаҳри Турсунзода) ба роҳ монда шуд. Барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ сардори бригадаи совхоз-заводи “Геран”-и ноҳияи Қумсангир Ҳабиб Сайфов ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил мегардад.
Ҳамин тариқ, геран монанди дигар зироатҳои ситрусӣ аз соҳаҳои муҳими кишоварзии кишвар маҳсуб ёфта, хоҷагиҳои алоҳида ба парвариши он машғул буданд. Қаблан, Тоҷикистон манбаи кишти маводи аввалия – эфир (равғани гул) ҳисоб гашта, он, асосан, дар корхонаҳои саноатии шаҳрҳои марказӣ коркард мешуд. Фоидаи зиёдро давлати истеҳсолкунанда аз фоидаи муомилот дар дохил ва хориҷ ба даст меовард.
Бо сабабҳои маълум чанд соли охир кишту парвариши геран қатъ гардидааст. Барқарор намудани хоҷагиҳои қаблии геранпарварӣ ва парвариши дубораи он саҳл нест. Ин тадбир вақту маблағи зиёдро талаб менамояд. Аммо геран, маҳсулоти он манбаъ, воситаи мувофиқи ба даст овардани даромади иқтисодӣ мебошад. Муҳим он аст, ки имконият, шароити мусоиди табиӣ дорем. Батадриҷ мушкилот дар ҳама бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ҳалли худро ёфта истодаанд. Дар доираи эълон гаштани солҳои рушди босуръати саноат дар ҷумҳурӣ фурсати он омадааст, ки парваришу коркарди геран ва дигар гулу гиёҳҳои шифобахшу ороишии фаровони ватанамон оғоз ёбад.
Вақт нишон хоҳад дод, ки бо истифода аз техника ва технологияи муосир аз ашёи хоми зироати гаронбаҳои геран маҳсулоти зиёде тайёр хоҳад шуд. Ин маҳсулоти ватанӣ бо атру дигар маводи беҳдоштии кишварҳои аврупоӣ, ки солҳо инҷониб дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзалият доранд, метавонанд дар рақобат бошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон