Дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук баргузор гардид.
Он таҳти унвони «Муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ» сурат гирифт ва Эраҷ Ҷӯрабекзода, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук онро ифтитоҳ намуд. Сипас, Собир Вазирзода, сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз, оид ба сиёсати ислоҳоти қонунгузории андоз ва рақамикунонии хизматрасониҳо роҷеъ ба мавзуи мавриди назар маъруза кард.
Зикр гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андоз корҳои назаррас ба иҷро расида, ҷиҳати содагардонии равандҳои андозбандӣ иқдомҳои нав амалӣ мешаванд.
Иштирокдорон масъалаҳои марбут ба татбиқи Кодекси андоз ва такмили қонунгузорӣ дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
СУҒД. ВУСЪАТИ ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ
Дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ҷиҳати сохтмон ва таъмири босифати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дохилӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бино ба иттилои расида, дар шаш моҳи соли равон, дар умум, 1 ҳазору 189,3 километр роҳҳо таъмир гаштанд, ки аз ин 147,8 километр таъмири асосӣ ва 554,6 километр таъмири ҷорӣ шудааст.
Сокинони шаҳру навоҳии вилоят, ҳамчунин, дар ин самт рӯ ба ҳашари умумихалқӣ оварда, дар таъмири роҳу кӯчаҳои мавзеи зисти худ саҳми арзанда мегузоранд. Бошандагони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ашт миёни дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пешсаф буда, соли гузашта дар 164 километр ва дар шаш моҳи соли равон наздик ба 30 километр роҳҳои мошингард таъмири асосӣ анҷом доданд.
Тавре Зафарҷон Носирзода, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд” дар суҳбат бо мо иброз дошт, бо усули ҳашар таъмир кардани роҳҳои автомобилгард дар вилоят вусъати тоза пайдо намудааст. Агар дар ҳамин давраи соли 2024 дар миқёси шаҳру навоҳии Суғд 183,7 километр роҳҳои мошингард таъмир гашта бошад, пас, танҳо дар шаш моҳ ин рақам ба 258,3 километр расидааст.
Ҷараёни таъмири роҳҳо дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Деваштич, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва Ашт мувофиқи матлаб мебошад.
Ҳоло дар самти Конибодом – Деҳмой сохтмони роҳи автомобилгарди ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ба масофаи 51,2 километр идома дорад, ки феълан 10,2 километри он пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Роҳи мазкур бояд моҳи марти соли 2026 пурра ба истифода дода шавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”