Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Расонаҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷараёни Конфронси мазкур хабару гузоришҳо таҳия намуда, кишвари моро ҳамчун иштирокдори фаъоли кори Конфронс инъикос карданд.
Сомонаи туркмении: “Туркменистан золотой век” аввалин шуда, аз рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон гузориши муфассал таҳия намуд. Сипас, дар доираи кори Конфронс матолиби зиёде нашр намуд, ки номи кишвари мо ҳам батакрор зикр шудааст. Сомона менависад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.
Дар матлаб ба таври хос зикр мешавад: “Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин чорабинӣ имкон медиҳад, то самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд”. “Туркменистан золотой век” бо такя ба суханронии Пешвои миллати мо таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.
Дар интиҳои мавод зикр шудааст, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.
Дар ин робита қобили таваҷҷуҳ аст, ки нашрияи “Ал-мувотин”-и Миср низ матлабе зери унвони “Тоҷикистон: Иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки роҳи баромадан ба баҳр надоранд” матлаби муфассалу таҳлилие нашр кард. Нашрияи арабӣ аз суханронии Сарвари давлати мо чунин иқтибос меорад: “Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хосса медиҳад”.
“Ал-мувотин” дар идома ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалиро омилҳои осебпазир шудани кишварҳои маҳсур дар хушкӣ арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин, зикр мешавад, ки ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кӯшишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.
Илова бар ин, сомонаи нашрия менависад: “Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки натиҷаи талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард”.
Таваҷҷуҳ ба суханронии Пешвои миллати тоҷик дар ин ҳамоиш аз ҷониби расонаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабӣ далели он аст, ки Сарвари давлати мо дар нишасту конфронсҳои сатҳи баланд ҳамеша умдатарин мушкилоти глобалиро матраҳ намуда, ҳарфи дили мардуми сайёраро ба забон меоранд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”