Дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, сохтмони иншоот, аз ҷумла биноҳои нави истиқоматӣ, босуръат ҷараён ёфта, аз ин ҳисоб намои шаҳр зебою муосир гаштааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо сайру гашт намудан ҳаловатбахш аст. Гулгаштҳои рангоранг ва роҳу пайроҳаҳои нав диққати ҳар касро ба худ ҷалб мекунанд.
Ҷараёни сохтмон аз вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ дарак медиҳад. Садои баланди техника ва дастгоҳҳои сохтмонӣ қариб дар ҳама кӯчаҳо ба гӯш мерасад. Баъзан садои баланди онҳо нороҳаткунанда мебошад. Махсусан, кафшеркунӣ, пармакунӣ ва буридани арматура садои гӯшхарош дорад. Ғайр аз ин, майдони сохтмон одатан бо панҷараҳои муваққатӣ иҳота карда мешавад, бинобар ин, садо акс ёфта, баландтар мегардад. Умуман, ҳангоми дар баландӣ кор кардан садо бемонеа ба дур мерасад, аз ин рӯ, ҷараёни сохтмон аз масофаи дуртар шунида мешавад.
Бо вуҷуди ин, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ метавонад ҷараёни сохтмон, аз ҷумла садои техника ва таҷҳизотро танзим намояд. Дар бисёр кишварҳо меъёрҳои сатҳи садо амал мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки майдони сохтмон ором хоҳад буд, танҳо маҳдудиятҳо вуҷуд доранд, ки кай ва чӣ қадар садо баровардан мумкин аст. Масалан, дар Ҷопон дар атрофи майдони сохтмон экранҳои муҳофизати садо насб шудаанд, ки ҷараёни сохтмонро танзим менамоянд. Дар бисёр кишварҳо кори баландсадои сохтмон шабона ва субҳи барвақт манъ шудааст. Дар Олмон қоидаҳои қатъӣ: сохтмон аз соати 13:00 то 15:00 (соати оромӣ) ва рӯзҳои якшанбе манъ аст. Ҳамчунин, стандартҳои санитарӣ амал мекунанд, ки дар доираи онҳо ҳар кадом майдони сохтмонӣ бояд майдони санитарӣ дошта бошад. Дар сохтмон рӯзона аз соати 7:00 то 23:00 садо набояд аз 55 десибелл (дБ) дар берун ва 40 дБ дар дохили бино зиёд бошад. Шабона садо аз сохтмон бояд на бештар аз 45 дБ дар берун ва 30 дБ дар дохили бино бошад, мутаассифона, дар бисёр майдонҳои сохтмонӣ чунин меъёрҳо риоя намешаванд.
Дар Душанбе, чун дигар шаҳрҳои босуръат рушдёбанда садои баланд аз сохтмони биноҳои баландошёна бо чанд омил ба вуҷуд омадааст. Пеш аз ҳама, бо сабаби он ки майдонҳои бинокорӣ аксар вақт дар шафати биноҳои истиқоматӣ воқеъ гардида, минтақаи калони санитарӣ надоранд. Аз ин рӯ, садо якбора баланд шуда, ба муҳити атроф халал ворид месозад. Албатта, чунин садоҳо аз ҷараёни босуръати корҳои ободонӣ гувоҳӣ медиҳанд, аз ҷониби дигар, ба муҳити зисти сокинон ва меҳмонони пойтахт халал мерасонанд. Бинобар ин, аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои зарурӣ тақозо карда мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»