Бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев робитаҳои дӯстонаву ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар ба сатҳи нав расида, барои рушди босуботи минбаъда заминаи устувор гузошта мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти МИМҲД вилояти Суғд, дар ин робита 16-17-уми август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд. Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) низ дастранҷи худро пешниҳод намуданд. Матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.
Бонувон дар хаймаҳои миллӣ нону кулча ва самбӯса пухта, ба сокинони пойтахти Қазоқистон пешкаш намуданд. Ошпазони моҳири вилоят дар 10 деги бузург палов омода карданд.
Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстӣ мусоидат мекунанд.
Ин чорабинии бошукӯҳ на танҳо саҳнаи намоиши маҳсулоти босифати Тоҷикистон гардид, балки рамзи дӯстии ду миллат низ буд. Аҳолӣ ба сарварони ду давлат барои чунин иқдомҳои созанда, ки ба таҳкими робитаҳои бародарӣ, боло бурдани сатҳи иқтисод ва мустаҳкам гардидани рафоқат миёни халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд, миннатдорӣ баён карданд.
Дар доираи барнома аҳли ҳунару санъат бо консертҳои пурмазмун ва саҳнаҳои театрӣ, ки дӯстиву рафоқати мардумони ду кишварро таҷассум мекарданд, хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.
“ҶУМҲУРИЯТ”