Ба муносибати иди касбии табибон (18-уми август) дар бисёр шаҳру навоҳии вилояти Суғд бунгоҳҳо, марказҳои саломатӣ, шуъбаҳои нав ва биноҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, инчунин, бо таҷҳизоти нав таъмин шуданд.
Тавре ба мо аз раёсати тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ баъд аз таъмир, дар шаҳри Конибодом шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона ва таваллудхонаи беморхонаи марказӣ ва беморхонаи бачагона баъди таъмир, дар деҳаҳои Понғоз ва Марҳамати ноҳияи Ашт бо дастгирии соҳибкорони маҳалӣ бунгоҳи нави тиббӣ, маркази саломатӣ, дар ноҳияи Айни беморхонаи минтақави №6, дар шаҳри Панҷакент 2 маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагии бемориҳои пӯст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон бунёд ва таъмиру таҷдиди даҳҳо иншооти соҳаи тандурустӣ дар вилоят бомаром идома дорад.
Дар 6 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ 573 таҷҳизоту лавозимоти тиббии муосир харидорӣ ва ба ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят дастрас карда шуд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
ХУҶАНД. ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД
Сокинони шаҳри Хуҷанд барои сазовор истиқбол гирифтани истиқлоли давлатӣ саъю кӯшиш доранд. Шаҳр маҳз бо иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи ҳамаи табақаҳои ҷомеа лаҳза ба лаҳза дигаргун шуда, чеҳракушоӣ дорад. Садҳо иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ қомат рост мекунанд, гулгаштҳои наву замонавӣ, боғҳои фарҳангӣ–истироҳатӣ, ки вақтҳои охир бунёд шудаанду мешаванд, гӯшаву канор, хиёбонҳои Хуҷандро сарсабзу хуррам ва басо ҷолибу дилоро месозанд.
Дар доираи истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар панҷ соли охир бунёд ва навсозии 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 964-тои он ба истифода дода шуд, ки 101,5 дарсади нақшаи тарҳрезишуда мебошад. Тавре иттилоъ ёфтем, аз ин шумораи иншоот 288-тоаш ба соҳаи саноат тааллуқ дорад, ки бе ваҷҳ нест. Чунки шаҳри Хуҷанд аз бузургтарин шаҳрҳои саноатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати татбиқи саноатикунонии босуръат бомаром қадам мезанад ва натиҷаҳои назаррасро дар ин самт ноил мегардад. Масалан, дар шаш моҳи сипаришуда корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 922 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки баландтарин натиҷа дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар иртибот ба ин масъала бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки агар чанд сол қабл маҳсулоти содиротии шаҳр ҳамагӣ 50-60 миллион сомониро ташкил медод, дар шаш моҳи соли равон ин рақам ба 214,7 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш ба 113,8 дарсад расид. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 490,9 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотиивазкунанда истеҳсол карданд. Ҳадафи мо дар солҳои наздик бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ аст. Ҳар тасмими мо дар ин самт ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ, бунёди корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои нави кор аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
ХОРУҒ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
Шаҳри Хоруғ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар ҷиҳат ба таври бесобиқа рушд кард. Дар доираи барномаҳои сохтмониву бунёдкориҳо симои шаҳр куллан дигар шуда, торафт намои шаҳри замонавии пешрафтаро касб мекунад. Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар бораи бурду бохти соҳаҳои гуногуни халқ андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз мушкилоти асосии мақомоти шаҳрдорӣ мебошад. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр норасоии оби ошомиданӣ пурра аз байн нарафта, реҷа ҷорӣ мегардад. Дар бист соли охир барои аз миён бардоштани ин мушкилот барномаҳои мушаххас тарҳрезӣ ва амалӣ гардиданд, вале мушкилот ҳамоно пурра ҳалли худро наёфтааст. Сабаби асосии рӯи кор омадани ин мушкилот бенизомӣ дар истифодаи оби нӯшоӣ аз ҷониби истифодабарандагони он мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, обе, ки тариқи лӯла аз чашмаҳои Сиёби Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа (дар масофаи 10 км), рӯдхонаи Боғеви деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон (дар масофаи 15 км) ва чанд чоҳи амудӣ ба шаҳр ворид мешавад, барои таъмини аҳолӣ кифоя аст. Вале истифодаи бенизоми он боис мегардад, ки аҳолии баъзе қисматҳои шаҳр аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Роҳи асосии аз миён бардоштани ин мушкилот насб намудани ҳисобкунакҳо дар корхона, муассисаҳои хизматрасонӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мебошад. Айни замон барои ҳалли ин қазия чораҷӯӣ намуда истодаем.
Дигар нишондиҳандаҳои омории шаҳр вобаста ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагӣ дар нимсолаи аввали соли равон қаноатбахшанд. Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр боз 12 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд. Айни замон теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 55-то расида, дар шаш моҳи соли рафта ба маблағи 29,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад зиёд мебошад.
Дар шаш моҳ нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи ҳаҷми умумӣ 105,4 фоиз иҷро шуд. Илова ба нақша зиёда аз 2,3 миллион сомонӣ ба хазинаи шаҳрдорӣ ворид гардид. Барои кам кардани бақияи қарзи андоз тадбирҳои лозимӣ андешида шуда, қарздорӣ нисбати шашмоҳаи аввали соли гузашта 699 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт.
Иҷрои Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2021-2025 бештар аз 90 фоиз таъмин гардида, аз 45 лоиҳаи дар Барнома пешбинишуда, 43-тоаш иҷро шуд. Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти шаҳрдорӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 326 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол 295 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 24 иншооти хурду бузург бомаром идома дорад. Дар доираи ду сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта ва имсол ба маркази вилоят доир шуд, бо иштироки Президенти мамлакат дар ҳудуди шаҳр 20 иншооти хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Хоруғ на танҳо ба маркази баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию варзишии сатҳи шаҳрию вилоятӣ, балки чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат давоми се соли охир дар маркази вилоят Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва соҳибкории “Помиринвест” баргузор мегардад, ки нақши ин Форум дар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр басо арзишманд аст. Дар доираи Форуми имсола байни мақомоти шаҳрдорӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ 17 созишнома ба маблағи бештар аз 350 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ин ва дигар тадбирҳои Ҳукумати кишвар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он нигаронда шудаанд, ки маркази маъмурии вилоят ҳарчи бештар рушд карда, сатҳу сифати некуаҳволии сокинони он боз ҳам баландтар бардошта шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”