Баргашт Чоп кардан

Боздиди муовини Сарвазир аз ҷараёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»


18-уми август муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва дигар шахсони расмӣ аз раванди баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Тавре ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти МИМҲД шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, Д. Мансурӣ бо ҳайати ҳакамон, аъзои комиссияи апеллятсионӣ, омӯзгорон ва иштирокдорони Озмун вохӯрӣ ва суҳбат анҷом дод. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки Озмун тавонист фазои солими рақобат, эҷодкорӣ ва донишандӯзиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа фароҳам оварда, симои маънавии пиру барнои тоҷикро дар руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дӯст доштани китобу маърифат ташаккул бахшад.


Вохӯрии Далер Ҷумъа бо раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ
Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ Тарас Купчиков мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосии тарафҳо ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳод равона гардид, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи сарварони давлатҳои ИДМ, моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маркази матбуоти Вазорат ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки ҷаласаи дарпешистода ба самтҳои стратегии рушди фаъолияти Шуро, баррасии масъалаҳои ҷории кори идорӣ ва қарорҳои кадрӣ бахшида мешавад.


Баррасии рафти татбиқи барномаҳои миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор
Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Судипто Мукерҷи ба Тоҷикистон омад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар рафти сафар С. Мукерҷи бо шахсони расмӣ як қатор суҳбату вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.
Дар назар аст, ки зимни вохӯриҳо ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ барои сафарбарсозии захираҳои молиявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои шарикони рушд ва кумаки донорҳо ва татбиқи барномаҳои миллию Ҳадафҳои рушди устувор табодули афкор хоҳанд намуд.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи рушди СММ шарики боэътимоди Тоҷикистон дар самтҳои тақвияти иқтидори зеҳнӣ, таҳкими раванди банақшагирии стратегӣ ва низоми миллӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ ба ҳисоб меравад.


Омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest – 2025»
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории соҳибкорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Чин, Арабистони Саудӣ ва Туркия дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Гуо Ҷижун, Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро дар заминаи омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest – 2025», ҷалби бахши хусусӣ аз ин давлатҳо барои иштирок дар Форум ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ намуданд.


Нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон
Бо мақсади ҷалби фаъолони соҳаи сайёҳии Эрон ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дар шаҳри Теҳрон нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар нишаст роҷеъ ба ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистону Эрон, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва баргузории барномаҳои муштараки фарҳангию сайёҳӣ низ табодули афкор карда шуд.


Рушди бесобиқаи соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ
«Агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар давоми 34 соли охир назар афканем, аён мегардад, ки дар ин давра таҳаввулоти чашмрас ба миён омадааст», – гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Таъкид шудааст, ки дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5254-то расидааст. Танҳо давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бо мақсади таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ба маблағи 43 188 929 сомонӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи СИПАП, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонагӣ ва сайёр ва мизи ҷарроҳӣ дастрас шудааст.