Баргашт Чоп кардан

ПОРА МИЛИТСИЯҲОИ РИШВАСИТОНРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба гирифтани пора айбдор мешаванд, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кард.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян гардидааст, ки Ҷ. Р. Нурматов, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ дар чанд маврид бо суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба ришваситонӣ даст задааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2025 баъд аз расман ворид шудани аризаи шаҳрванд Ё. С. Ҳ. вобаста ба ҳолати доду гирифти маблағи пулӣ бо шаҳрванд К. О. С. онро барои баррасӣ ба муфаттиши шуъба Р. Ҳ. Бадавлатзода вобаста намудааст. Зимнан, Ҷ. Р. Нурматов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Р. Ҳ. Бадавлатзода барои рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд К. О. С. аз ӯ 40000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтаанд.
Манбаъ менависад: “Ғайр аз ин, Ҷ. Р. Нурматов кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, бо ҳамин роҳу усул дар се ҳолати дигар ба воситаи кормандони ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ барои ба манфиати шаҳрвандон ҳал кардани натиҷаи баррасии маводҳои санҷишии дар истеҳсолоти муфаттишони шуъбача қарордошта, бо суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, дар умум 137 000 сомонӣ гирифта, онро якҷо бо шарикони ҷиноятии худ ба манфиати шахсиашон сарф намуданд”.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ҷ. Р. Нурматов ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 319 қисми 3 (гирифтани пора) ва 314 қисми 1 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, феълан барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»