Истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвар на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва давлатдории мустақил гардид, балки заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро фароҳам овард. Истиқлолият имкон дод, ки Тоҷикистон қонунгузории миллии худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таҳия ва такмил намояд.
Яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи мустақил – ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла истеъмолкунандагон мебошад. Дар ин самт, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз 9-уми декабри соли 2004, №72 аҳамияти хос дорад. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ба танзим дароварда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба молу хизматрасонии босифат, бехатар ва бо иттилооти пурра муайян мекунад.
Инчунин, дар самти иттилоърасонӣ ба истеъмолкунандагон ва назорати мазмуни таблиғот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" аз 1-уми августи соли 2003, №34 нақши калидӣ мебозад. Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд. Ин Қонун таблиғоти номуносиберо, ки метавонад истифодабарандаро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатӣ, молу мулк, шаъну шараф ва эътибори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, ба тарзи ҳаёт ва манфиатҳои ҷамъиятӣ зарар расонад, манъ ва пешгирӣ мекунад.
Нақши муассир дар таъмини амалишавии ин қонунҳо ва ҳимояи истеъмолкунандагонро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад. Ин ниҳод назорати мунтазами бозорро ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешгирии болоравии сунъии нархҳо, рақобати беинсофона ва таблиғоти фиребанда ба роҳ монда, ҳамзамон, ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя менамояд.
Дар маҷмуъ, истиқлолияти давлатӣ шароити ҳуқуқии заруриро барои ҳимояи истеъмолкунандагон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ ва реклама, фароҳам оварда, боиси таҳкими адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди бозорӣ гардидааст.
Меҳроҷиддин НОЗИМЗОДА,
мутахассиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон