Баргашт Чоп кардан

ПАНҶАКЕНТ. ДЕҲАҲО НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАНД


Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Аз ҷумла, бунёди бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва маркази саломатии деҳаи Нигнот, таъмиру таҷдиди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-юми ба номи Мастон Шералӣ дар деҳаи Зери Ҳисор ва омодасозии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-ум дар деҳаи Нигноти Нав ба соли нави таҳсил ҷараён дорад. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷдид ва омодагӣ ба соли нави таҳсил тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, дар деҳаи Нигноти Нав корҳои кандани чоҳи амудӣ ва кашидани хатти оби ошомиданӣ идома дошта, лоиҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шарикони рушд амалӣ мегардад. Инчунин, фаъолияти пойгоҳи обкашии “Навобод”-и идораи давлатии обёрӣ ва беҳдошти замин низ беҳтар карда мешавад.
Тибқи нақша, бо анҷоми лоиҳаи кашидани хатти оби ошомиданӣ сокинони деҳаи Нигноти Нав пурра бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин мегарданд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”