Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон “Ҷоми Истиқлолияти Индонезия”-ро ба анҷом расонд
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини дар Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» бозии сеюми худро анҷом дод.
Футболбозони навраси мо дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон мусовӣ (3:3) бозӣ карданд. Голҳои мунтахаби моро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода заданд.
Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Индонезия мусовӣ (2:2) карда, аз Мали (2:4) шикаст хӯрда буд.
Барои мунтахаби наврасони кишвар мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳалаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Дастаи мо дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.
ВАРЗИШИ САБУК
Нуқра ва биринҷии варзишгарони мо дар Тошкент
16-17-уми август дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ - “Silk Road to Tokyo WA Continental Tour BRONZE" доир гашт, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат доштанд.
Дар Мусобиқа мардону занон дар се равия – дав, ҷаҳиш ва партоб сабқат карданд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон варзишгарони мо дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки таҳти назари намояндагони ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ ва Федератсияи варзиши сабуки Осиё баргузор шуд, ба гирифтани се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали нуқраро Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо сазовор гашт. София Диордитса дар гурзандозӣ ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр медали биринҷӣ гирифтанд.
ФУТЗАЛ
Тими мунтахаби наврасони кишвар дар Бозиҳои наврасони Осиё ширкат мекунад
Дастаҳои иштирокчии Бозиҳои наврасони Осиё дар намуди футзал эълон шуд.
3-юм Бозиҳои наврасони Осиё аз 22 то 31-уми октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла футзал, шомил аст.
Мусобиқаи футзали футболбозони то 16-сола миёни 12 даста сурат мегирад: Баҳрайн (мизбон), Тоҷикистон, Эрон, Тайланд, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон, Ветнам, Ироқ, Ҷопон, Мянмар, Арабистони Саудӣ.
Дастаҳо дар чор гурӯҳи седастаӣ бозӣ мекунанд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал роҳхат мегирад.
Дар доираи Бозиҳо, ба ғайр аз футзал, мусобиқаҳои варзиши сабук, бадминтон, баскетбол (3х3), аспсаворӣ, варзиши электронӣ, голф, ҳендбол, ҷудо, ҷиуҷитсу, ММА, велосипедронӣ дар шоҳроҳ, шиноварӣ, тенниси рӯйи миз, таеквондо, триатлон, гӯштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ), вазнабардорӣ, кабадди, волейбол ва теқбол баргузор хоҳанд шуд.
Тавре Шурои олимпии Осиё хабар дода буд, дар намудҳои олимпӣ варзишгарон имкон доранд ба Бозиҳои олимпии наврасон-2026 дар Дакар роҳхат бигиранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”