Баргашт Чоп кардан

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. ОЛИМИ ТОҶИК, КИ ДАР ҶАҲОН НАЗИР НАДОРАД


Агар имрӯз ба мо бигӯянд, нафаре ҳазор сол пеш дар бораи микроорганизмҳо, психология ва қонунҳои физика менавишт, ки илми муосир танҳо дар асрҳои XIX–XX онҳоро тасдиқ кард, шояд бовар накунем, аммо ин ҳақиқат аст ва ин шахс олими беназири тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Дар асри XI, замоне, ки аз нодонӣ ва сустии илм сабаби бемориҳоро ба “ҳавои бад”, “хашми осмон” ё “тақдири бад” рабт медоданд, Абуалӣ ибни Сино бо ҷасорати ба худ хос менавишт, ки бемориҳои сироятӣ тавассути зарраҳои ноаён паҳн мешаванд. Ин ақида гӯё аз илми муосири асри XXI бошад, аммо пас аз 600 сол бо кашф шудани микроскоп он исботи илмӣ пайдо кард.
Ибни Сино на танҳо табиб, шоир ва файласуф, балки яке аз муҳаққиқон, кимиёдонҳо ва мунаҷҷимони беҳамтои замон буд. Ӯ аз анатомияи бадани инсон то қонунҳои ҳаракати гемодинамикӣ, аз назарияи мусиқӣ то таркиби доруҳо ва гиёҳҳои шифобахш, аз ҳаракати сайёраҳо ва ҷисмҳои осмонӣ то таҳлили Офтобу Моҳ, ситорашиносӣ, пешгӯии обу ҳаво ва низоми эклиптика, мафҳуми модда ва хосиятҳои он, тадқиқоти моддаҳои кимиёвиро барои тиб, шарҳу эзоҳ додааст. Аз китобҳои пурмазмуни ӯ «Қонуни тиб», «Донишнома» ва «Аш-шифо» ба ҳисоб мераванд, ки садсолаҳо дар Аврупо ва Осиё ҳамчун “энсиклопедияҳо” истифода мешуданд.
Инак, чанд тезиси Ибни Сино, ки пас аз солиёни зиёд исботи худро пайдо карданд:
• Табобати беморро аввал аз суҳбат ва муоширати хуб оғоз мекард, то руҳияи бемор баланд бошад, ин як усули “психотерапия”-и қадимӣ аст, ки имрӯз тибби муосир онро тасдиқ мекунад.
• Дар тадқиқоти физикӣ, Ибни Сино гуфта буд: “Ҷисм дар ҳолати оромӣ ё ҳаракат боқӣ мемонад, то даме ки қуввае онро тағйир надиҳад. Ин яке аз қонунҳои инерсия мебошад, ки Исаак Нютон онро пас аз панҷ аср кашф кард.
• Дар табобат усулҳои парҳез ва машқҳои ҷисмониро барои пешгирии беморӣ тавсия медод; чизе, ки имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҷаҳониён тавсия медиҳад.
• Дар асари бузурги худ «Донишнома» Ибни Сино ҳаракати сайёраҳоро бо усулҳои геометрӣ тавсиф кард ва кӯшиш намуд, ки камбудиҳои ақидаҳои Клавдий Птолемейро ислоҳ намояд.
• Офтоб – манбаи ҳаёт. Ибни Сино Офтобро на танҳо сарчашмаи рӯшноӣ, балки ҳамчун манбаи асосии гармӣ ва ҳаёт тавсиф кард; фикре, ки имрӯз асоси илмҳои заминшиносӣ аст.
• Моҳ ва тағйири обу ҳаво. Ибни Сино мушоҳида кард, ки ҳаракати Моҳ метавонад ба ҷараёнҳои обу ҳаво ва иқлим таъсир расонад ва аз ин маълумот барои ҳисоб кардани тақвим ва мавсимҳо истифода мебурд.
• Ҷойгоҳи Замин. Ибни Сино менавишт, ки Замин маркази коинот нест, балки як ҷисми осмонӣ дар системаи бузургтар аст, ки, баъдан, илми астрономия ин ақидаро тасдиқ кард.
• Инкор кардани “табдили металлҳои арзон ба тилло”.
Дар замони ӯ бисёре аз кимиёгарон бовар доштанд, ки метавон бо усулҳои муайян мис ё сурбро ба тилло табдил дод. Ибни Сино дар рисолаи худ «Радд бар кимиёгарон» (“Аш-шифо”, дар бахши химия) ин ақидаро рад карда, далел овард, ки чунин тағйир танҳо дар сатҳи зоҳирӣ мумкин аст, на дар асли модда.
Ӯ менавишт: «Аз мис тилло сохтан мумкин нест, чунонки аз гил инсон сохтан мумкин нест».
• Мафҳуми модда ва хосиятҳои он. Ибни Сино бар он назар буд, ки ҳар модда хосиятҳои аслӣ дорад, ки онҳоро бо ҳеҷ гуна амалиёт тағйир дода намешавад. Ин ақидаро имрӯз назарияҳои физикаи квантиву атомӣ ва химияи муосир тасдииқ мекунад.
Дар бораи кашфиётҳову илму дониши ишон, метавон беохир сухан гуфт, ҳатто имрӯз, пас аз ҳазор сол, олимон усулҳои табобатҳои гиёҳии ӯро аз нав меомӯзанду дубора сайқал медиҳанд. Тадқиқотҳо дар Эрон, Олмон ва Чин нишон додаанд, ки баъзе аз онҳо воқеан, зиддибактериявӣ ё зиддиилтиҳобӣ мебошанд ва метавонанд дар табобати бемориҳои муосир кумак расонанд. Аз ин рӯ, бармеояд, ки Абуалӣ ибни Сино танҳо як шахсияти таърихӣ нест. Ӯ намунаи беҳтарини соҳибмаърифативу донишмандӣ мебошад.

Абдусамадзода Султон МАҚСАД,
табиб-кардиологи Маркази ҷумҳуриявии
клиникии бемориҳои дил