Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН. ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИСТ


Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумат дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва соҳибкасб гардондани кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир бепарастор мондаанд, тадбирҳои муҳимро амалӣ мекунад, то онҳо роҳи зиндагии худро пайдо намуда, аз чизе танқисӣ надошта бошанд. Барои нигоҳубини ин гурӯҳи тифлону наврасон дар кишвар ятимхонаҳо фаъолият мекунанд. Онҳо дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббат парасторӣ меёбанд. Маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки онҳо дарди бекасиро эҳсос намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-уми ноҳияи Шоҳмансур, ки кӯдакон таълиму тарбия мегиранд, аслан, ба чизе ниёз надоранд. Ҷойи зисташон гарм асту озода. Даҳҳо навъи бозичаву лавозимоти дигаре, ки барои ҳушманд ва боло бурдани завқи зебоипарастиашон мусоидат менамояд, фаровон мебошад. Албатта, мураббияҳои Марказ ҳам бо онҳо хушмуомилаанд. Ягона чизе, ки тифлакон боз ҳам бештар ниёз доранд, таваҷҷуҳ ва муҳаббат аст, ки ҳар яки мо ба онҳо бояд арзонӣ бидорем. Ҳарчанд ҷойи муҳаббати модар ё падарро муҳаббати дигаре иваз карда наметавонад.
Кӯдакони ятиму ниёзманд дар кишвари мо зери ғамхории давлат ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мо ин кӯдаконро бепарастор гуфта наметавонем, зеро парастори онҳо Пешвои миллат ва пуштибонашон давлат аст. Воқеан, ғамхории давлату Ҳукумат, хусусан Сарвари давлат, нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша сари онҳоро сила менамоянд ва барояшон беҳтарин шароити таълиму тарбияро фароҳам меоранд. Ҳамзамон, дар ҳамаи сафарҳояшон ба шаҳру навоҳии мамлакат, нахуст, ба дидори ятимону бепарасторон мераванд, таъкид мекунанд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятимро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».
Ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳо ятимонро мебояд бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат ва шарафи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.
Шаҳло АКРАМОВА,
сармураббии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе