Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ МУҲИМ БО ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 дар ноҳияи Шоҳмансур
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-юми ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Бинои дигари бунёдгардида дар Муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Бинои Муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Вобаста ба талаботи муосир Муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.
Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ гардидаанд.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию руҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари Муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.
Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз, таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд.
Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои асосии Беморхонаи мазкур аз ҳафт ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа ва унсурҳои меъмории миллӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори Ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани муассисаи нави тиббӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.
Дар муассиса 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла катҳои махсус барои бемориҳои сӯхта, дастгоҳи сайёр барои шустушӯйи беморон, барокамераи сайёр, дастгоҳи лазерии табобати оқибатҳои сӯхта, дастгоҳи лазерии лифтинги табобативу косметологӣ, дастгоҳи ултрасадои табобатию барқарорсозии бемориҳои сӯхта, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ барои рӯдаву меъда, видеоэндоскопӣ ва видеобронхоскопи сайёр аз навгониҳои иншоот аст, ки таҷҳизоти насли нав буда, бори аввал ба Тоҷикистон ворид гардидааст.
Ҳамзамон, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудаанд, ки барои хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ нигаронда мешаванд.
Дар муассиса 62 нафар табиби соҳибтахассус ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳои гуногун таҷрибаи баланд доранд.
Дар дигар ошёнаҳои беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд.
Бо фарох гардидани имкониятҳо дар бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе кафедраи ҷарроҳии умумии №2-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи бемориҳои асаб, осебшиносӣ ва ортопедии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд.
Дар муассиса гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил шудааст, ки дар он бо истифода аз ин неъматҳои табиати Тоҷикистон нӯшобаҳо омода карда мешаванд.
Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 60 курсӣ ва ошхона бо 108 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамчунин, дар ҳудуди муассиса таваққуфгоҳ низ сохта шудааст.
Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд гашта, саҳн ва атрофи он ободу сабзкорӣ шуда, бо насби чароғакҳои ороишӣ ба симои шаҳри дилорои Душанбе зебоии тоза зам кардааст.
Табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои доимӣ нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипос намуданд.
Бо муҳайё гардидани чунин шароити муосиру сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд шаҳрвандон метавонанд тамоми навъҳои ташхису табобати бемориҳоро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин барои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхона ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуб бо беморон дастуру тавсияҳо доданд.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Бино дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8-ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтаанд.
Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.
Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.
Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Бахши дигари осорхона ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи расмӣ фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатро дар эҳё ва тарғиби мероси фарҳанги ниёгони пуршарафамон инъикос мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ташкили чунин осорхона дар заминаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои муҳассилон ва муҳаққиқон имконияти фарох фароҳам меорад, то ба таърихи ислом дар сарзамини мо, шахсиятҳои барҷаста ва осори илмӣ-фарҳангӣ ошно гарданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаҳои болоии Донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзиш бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмат расонад.
Дар Донишкада, ҳамзамон, хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст. Саҳн ва атрофи бинои Донишкада дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш ва ободу сабзкорӣ гардидааст.
Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳими илмию таълимӣ ва таҷрибавию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Кӯдакистони №59 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам мебошад.
Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.
Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Тибқи лоиҳа, дар Муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам гашта, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд.
Дар кӯдакистон 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят карданд.
Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расондани кӯдакон ва дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешавад.
Дар доираи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025-ум 10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода мешавад.
Мувофиқи нақша, дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.