20-уми август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Аймурод Қочмуродов вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлатро баррасӣ намуданд. Тавре таъкид шуд, ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳанд, ки бо ҳам табодули таҷриба намуда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавқеъ ва назари муайян дошта бошем ва ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони Россия ва Беларус
20-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Семён Григорев ва Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко мулоқот намуд.
Дар маркази матбуоти Вазорат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба табодули афкор намуда, аҳамияти муколамаҳои фаъоли сиёсӣ ва густариши робитаҳоро таъкид карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнидавлатӣ омодагии хешро изҳор доштанд.
Муҳокимаи самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR
19-уми август вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ дар Женева Шараф Шерализода бо ёвари Комиссари Олии Созмон оид ба паноҳандагон (UNHCR) хонум Рувендрини Меникдивела баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ
Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва шарикӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷи баррасӣ шуданд.
Тавре дар Кумита ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, мусоҳибон, ҳамзамон, таҳияи гузориши ҳафтуми миллӣ оид ба гуногунии биологӣ, нақшаи молиявӣ барои гуногунии биологӣ (BIOFIN), имконияти ҳамкорӣ дар доираи GEF-9 ва Фонди ҷаҳонии гуногунии биологиро баррасӣ намуданд.
«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Агентии омор таҳти ҳамин унвон дар асоси таҳлили маълумоти фаврии воқеӣ ҳисоботи вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нашр намуд. Дар он, аз ҷумла андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ низ омода карда шудааст.
Дар гузориш омадааст: «Моҳҳои январ-июли соли 2025 ба масоҳати умумии 646,8 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,3 фоизро ташкил медиҳад». Тибқи гузориш, дар ин давра ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳо ба тариқи зайл тавсиф шудааст: дар вилояти Хатлон – 146 ҳазор метри мураббаъ, вилояти Суғд – 251,9 ҳазор метри мураббаъ, шаҳри Душанбе – 146 ҳазор метри мураббаъ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 50 ҳазор метри мураббаъ.
Беш аз 21 ҳазор гектар кишти чигит бо усули обёрии зери плёнка
Тавре бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дода будем, дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии пахта идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, имсол кишоварзони мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар 182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ба 97,6 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Беш аз 21 ҳазор гектари чигит бо усули обёрии зери плёнка кишт шудааст.
Тавре муовини якуми вазири кишоварзӣ Нуралӣ Асозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, тибқи пешгӯиҳо, хоҷагиҳои деҳқоние, ки имсол бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт кардаанд, ҳосили зиёд ба даст хоҳанд овард. Соли равон ба ҷумҳурӣ 125 техникаи тухмипошаки зери плёнка ворид гардид, ки ба осон ва беҳтар намудани кори деҳқонон мусоидат менамояд.
Ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Қатар
Масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши илму маориф 19-уми август зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ба зарурати таҳкими равобити илмӣ ва таълимӣ, хусусан дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷонибҳо таъсиси Маркази омӯзиши забонҳо дар заминаи Донишгоҳро ҳамчун иқдоми муҳим арзёбӣ карда, изҳори омодагӣ намуданд, ки дар татбиқи он саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.