(Дар ҳошияи як сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон)
Чандест мехоҳам атрофи сафари гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик ба кишвари дӯст ва ҳамсояи дерина – Қирғизистон, ки дар заминаи таҳкими муносибатҳои дӯстона, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ роҳандозӣ шуд, андешаю таассуротамро рӯйи коғаз биёрам. Ангезаи ин сатрҳо, ки дар ихтиёри шумо – хонандагони рӯзнома мегузорам, ҳамон мисраи машҳур ва зебои Мавлоност: “Онон, ки аҳли сулҳанд, бурданд зиндагиро...”
Ҳавопаймои мо пас аз ду соати парвоз, аз Душанбеи азиз шабонгаҳ дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек нишаст. Агарчи шаб аз нисф гузашта буд, ҳини воридшавӣ ба толори интизории Фурудгоҳи байналмилалии Манас ҳамкасбони қирғизамон ба истиқболамон омаданд. Аз чеҳраҳояшон пай бурдан мумкин буд, ки онҳо дер боз интизори мо буданд...
Ин ҷо ҳамвора дидори гарми Азамат, бародар ва ҳамкасби қирғизамон, пеши назар меояд. Чеҳраи хандон, муносибат ва пазироии самимонааш аз шахси нек будани ӯ дарак медод. Мавсуф тули чор рӯзи будубошамон дар Қирғизистон роҳбаладамон буд.
Субҳи рӯзи дигар, 25-уми июл, пас аз наҳорӣ бо роҳнамоии дӯстони қирғизамон роҳи Боғи миллии Қирғизистон Ала-Арча пеш гирифтем. Тамошои кӯҳҳои сар ба афлоку дарёчаи шӯх ва накҳати гулу гиёҳҳои кӯҳӣ маро ба ёди Ватан бурд. Гумонам ҳамоно дар оғӯши кӯҳҳои диёр сайр дорам. Ин эҳсос маро аз он пайдо шуд, ки табиат ва боду ҳавои ин мавзеъ ба Тоҷикистон бисёр шабеҳанд. Инро ҳамсафарон ҳамагӣ тасдиқ менамуданд ва ҳар яке ба таври худ Ала-Арчаро ба гӯшае аз Тоҷикистон монанд мекард. Яке ба Шаҳристон монанд мекард, дигаре ба Варзоб. Ғайр аз ин, Ала-Арча барои ман аз он ҷиҳат хотирмон гашт, ки роҳбарони ҳар ду кишвар таҳкурсии девори ҳамгироии тоҷику қирғизро маҳз ҳамин ҷо гузоштанду дуои халқро гирифтанд ва барои таҳкими муносибатҳои нек замина гузоштанд. Пас аз тамошои Ала-Арча, бо руҳияи болида, роҳ пеш гирифтем ҷониби Агентии иттилоотии “Кабар”.
Мусалламан, барои ҳар соҳибкасб, албатта, вобаста ба тахассусаш, ба корхонаву идораҳои мамлакатҳои хориҷ рафтану ба рафти корашон ошноӣ пайдо намудан шавқовар аст. Бо ҳамин иродаву мақсад нахуст аз Агентии иттилоотии “Кабар” ва сипас аз шабакаи телевизионии "Ала-Тоо 24" дидан намудем. "Ала-Тоо 24" 12-уми сентябри соли 2016 нахустин барномаи хабарии худро роҳандозӣ карда, аз оғози фаъолияти худ дарак додааст. Телевизиони мазкур давоми 24 соат, бо ду забон: қирғизӣ ва русӣ хабару барномаҳои гуногун пахш мекунад. Он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст.
Бино ба маълумоти масъулони “Кабар”, моҳи марти соли 1937 бо қарори якҷояи Шурои Комиссарони Халқии ҶШС Қирғизистон ва агентии ТАСС, аввалин агентии иттилоотии ҶШС Қирғизистон, Агентии телеграфии Қирғизистон (КирТАГ) таъсис ёфтааст. Ин ягона расонае буд, ки ҳуқуқи паҳн кардани гузоришҳои расмии мақомоти марказии ҶШС Қирғизистонро дошт. Соли 1992 Ҳукумати Қирғизистон КирТАГ-ро ба Агентии давлатии иттилоотии «Қирғизкабар» табдил дод. Аз соли 1998 инҷониб Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» номгузорӣ шуд.
Инак, моро роҳи тақрибан 5-соата дар пеш аст. Ин роҳи дарозро суҳбат бо дӯстони қирғизамон хеле наздик кард. Мо аз ҳар зовия суҳбат мекардем. Суҳбатҳо бештар чунин хулоса мешуданд, ки мо мардумони ду кишвар бисёр урфу одатҳои ба ҳам монанд дорем. Ҳамин тавр, расидем ба Чолпон-Ата. Офтоб дар ҳоли ғуруб буд. Аз покизагии фазо сурхии ғуруб дар уфуқ ниҳоят назаррабо ба назар мерасид...
Субҳи рӯзи дигар ба тамошои дараи зебоманзари Кирчин рафтем. Дар майдони қабосабз, ки дар оғӯши кӯҳҳо доман густурда аст, майдони бозиҳои миллии қирғиз сохтаанд. Ғайр аз ин, дар ин мавзеъ ба сайёҳон анъанаҳои худро ба намоиш гузоштаанд. Анқариб ҳама сайёҳоне, ки ба тамошои Қирғизистон меоянд, ин мавзеи зеборо нодида намераванд. Ин ҷо барои сайёҳон шароити мусоид фароҳам аст. Ин макони зебо бо боди серун ва паҳноӣ ба мавзеи Чилдухтарони Тоҷикистон шабоҳат дорад.
Пас аз анҷоми чорабинии варзишие, ки ҷузъе аз фарҳанги мардуми қирғизро дар бар мегирад, суҳбат бо ҳузури котиби матбуоти Президенти Қирғизистон сари хоне, ки бо хӯрокҳои миллии мардуми қирғиз оро ёфта буд, идома ёфт.
27-уми июли 2025 аз боғи фарҳангии “Рух-ордо” дидан намудем. Дар боғ моро ҷавони сухандоне роҳнамо шуд ва аз таъриху фарҳанги гузаштагонашон қиссаҳо кард. Ҷолибтарин чизе, ки он ҷо мушоҳида кардем ин бинои рамзии ҳама адён мебошад, ки шабеҳи ҳамдигаранд ва дар худ паём доранд. Паёмашон ин аст: "Мо новобаста аз он ки дар кадом боварему чи динеро пайравӣ мекунем, инсонем ва мақоми инсонӣ аз ҳама бовару ирода болост. Мо бояд бовару эътиқоди ҳамдигарро таҳаммул кунем ва гиромӣ дорем. – Мо ҳама фарзанди одамему рӯйи як замин, зери як осмон зиндагӣ мекунем. Пас, ҳамеша бояд дар фикри сулҳу рифоҳи ҳамдигар бошем", – андешаашро хулоса кард, ҷавони роҳбалад.
Дидани пайкараи Чингиз Айтматов, Нависандаи халқии Қирғизистон, ки растаеро дар ин боғ махсуси ӯ гардондаанд, маро ба андеша мебурд. Нигоштаҳои нависандаи шаҳир ва зиндаёд пеши назарам падид меомаду занҷираи саҳнаҳои тасвирнамудаи достонҳояш. Аз ду канори роҳрав пайкара ва нимпайкараҳои қаҳрамонҳои ҳикояву повестҳои Чингиз Айтматов сохта шудаанд. Ин ҳайкалчаҳо бинандаро ба дунёи қиссаҳои муаллиф мебарад. Ҳамроҳони мо низ аз ҳар китоби хондаашон он ҷо ёд оварданд. Магар мешавад, ки “Ҷамила”-ро, ки ба ҳама забонҳои халқҳои собиқ шуравӣ ва хориҷӣ тарҷума шудаю дар олами адаб нуфуз пайдо намудааст, ба хотир наовард!? Ва ё романи “Қиёмат”-ро ки дар он ҳаёту зиндагии гургон бисёр зебо тасвир шудаю фалсафаи аҷиб дорад.
Ғайр аз ин, дар Рух-ордо пайкараҳои Синову Афлотун барин шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар санг ҳаккокӣ шудаанд, ки сайёҳони зиёд ба зиёраташон меоянд.
Шоми он рӯз мо-ҳайати рӯзноманигорони тоҷикро ба қароргоҳи давлатии №2, ки дар соҳили Иссиқ-кӯл қарор дорад, даъват намуданд. Бо дӯстон ва ҳамкасбони қирғизамон сари як хон нишастем. Ҳунармандони Оркестри халқии қирғиз низ ҳузур доштанд. Фазоро хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Бо салому дуруд ба сухан омадани ровӣ ин хомӯширо барҳам зад. Маҳфили идона оғоз ёфт. Нишастро ровӣ “Шоми дӯстӣ” унвон дод. Воқеан, ин шом ба шоми дӯстӣ табдил ёфт. Ҳунармандону овозхонон низ аз дӯстиву рафоқат месуруданд. Аз миёни овозхонон яке ба саҳна омаду бо иҷрои чанд суруди тоҷикӣ дили моро шод кард. Ӯ, аз ҷумлаи нафароне мебошад, ки дар хоки Ватани мо бузург шудааст.
Чанд рӯзе, ки дар Қирғизистон қарор доштем ва аз эҳтироме, ки ҳамкасбонамон бо мо доштанд, беихтиёр талошҳову заҳматҳои роҳбарони ҳар ду ҷониб барои расидан ба ин рӯзҳои нек пеши назар омад. Маҳз ҳамон сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба ин рӯз расидем ва ҳусни ҳамсоядориро байни ҳамдигар тақвият бахшидем. Ҳамду сано ба сарварони ду давлат, ки фазои дӯстиву ҳамгироиро дар чунин шакле рӯи кор оварданд, ки бегумон ба нафъи ҳар ду миллат аст. Мо – мардуми ду кишвар, аз ин неъмат манфиат хоҳем бурд, зеро “Онон, ки аҳли сулҳанд бурданд зиндагиро”.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”