Баргашт Чоп кардан

АШТ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ САНОАТ

Сокинони ноҳияи Ашт низ чун дигар аҳолии кишвар 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси идона истиқбол мегиранд.
Яке аз дастовардҳои басо муҳим ва калидии ноҳия, бешубҳа, ин тақвияти соҳаи саноат аст. Ин беваҷҳ нест, зеро то даврони соҳибистиқлолӣ Ашт ноҳияи кишоварзӣ буд. Дар ноҳия чор коргоҳи саноатӣ: консервбарорӣ, кони намак, матбаа ва нонпазӣ амал мекард, ки барои рушди соҳаи саноат басанда набуд. Бо дарназардошти замони соҳибистиқлолӣ, низоми иқтисодӣ тақозо мекард, ки баробари равнақи соҳаҳои кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, ғаллакорию чорводорӣ марҳала ба марҳала ба вусъати соҳаи саноат замина гузошта шавад. Бо қабул гаштани Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва эълон шудани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Ашт низ барои рушди соҳаи саноат шароити хуб муҳайё гардид. Дар як муддати кӯтоҳ шумораи корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба 27-то расида, маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта ба 329,4 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 1991-ум 19 маротиба зиёд мебошад. Шумораи кормандони соҳаи саноат низ аз 120-150 нафари солҳои навадуми қарни гузашта имрӯз наздик ба 600 нафар расидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар аз масъулони маҳалҳо даъват мекунанд, ки дигар мо танҳо ба истеҳсоли маҳсулоти хом маҳдуд нагашта, ба коркарди ниҳоии маҳсулот ва содироти он таваҷҷуҳ намуда, бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолиро бо воридсозии технологияи муосир дар мадди назар дошта бошем. Хушбахтона, ин дастур ва дигар супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат дар ноҳияи Ашт ҳам амалӣ мешавад. Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар самти бунёди иншооти саноатӣ ва истеҳсолӣ қадами устувор гузошта мешавад.
– Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, талошу кӯшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз молу маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ресмону ҷуроб, нахи пахта, консерв, меваи хушку тару тозаи ноҳия, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва умед аст, ки солҳои баъдӣ дучанд афзоиш меёбад.
Дар шаш моҳи соли равон бо сармоягузории соҳибкорони маҳалӣ боз ду коргоҳи истеҳсолӣ: ҶДММ “Ашт плаза” ва ҶДММ “Суруш ва Самир” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, даҳҳо ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гаштанд, – мегӯяд Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт.
Бо назардошти равнақи соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, инчунин, дурнамои хуби соҳаи канданиҳои зеризаминӣ ва таъмини муътадили неруи барқ дар ҳудуди ноҳия дар панҷ-даҳ соли охир даҳҳо корхонаи коркарди ниҳоии маҳсулот мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”