Ҳайати КФО бо сафари машваратӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Ба ин ҳайат, ки дар доираи Барномаи рушди лигаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба ҷумҳурии мо омад, роҳбари бахши Осиёи Марказии КФО Йогеш Десаи, мудири бахши Осиёи Ғарбӣ Шоҳин Раҳмонӣ ва мушовири барномаи рушди лигаи КФО Датук Стюарт Рамалингам шомиланд.
Дар ҷараёни сафар намояндагони КФО бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо намояндагони бошгоҳҳои Лигаи олӣ, сарпарастон ва ғайра мулоқот карданд.
Зимни мулоқот бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода масъалаҳои марбут ба рушди футбол дар Тоҷикистон ва минтақа, густариши ҳамкории судманд бо Конфедератсияи футболи Осиё ва татбиқи барномаҳои таълимиву инфрасохторӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита иброз дошт, ки футбол яке аз варзишҳои дӯстдоштаи ҷавонон дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Нақши Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҷиҳати расидан ба дастовардҳои намоён дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Йогеш Десаи аз ҳамкории созанда бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Конфедератсияи футболи Осиёро барои дастгирӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушду такмили инфрасохтори футбол, барномаҳои таълимии мураббиёну доварон, футбол миёни ҷавонон ва занон, ҳамчунин, ташкили мусобиқаҳои қитъавӣ дар Тоҷикистон, баён дошт.
Ҳайати КФО дар пайи боздид барои иҷрои минбаъдаи Барномаи рушди Лига дар Тоҷикистон тавсияҳо омода хоҳад кард.
Ситораи футболи ҷаҳонӣ Христо Стоичков ба Тоҷикистон меояд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Football For Schools» (Футбол барои мактабҳо)-и FIFA амалӣ мешавад. Ҷиҳати татбиқи лоиҳа ситораи ҷаҳонии футбол, беҳтарин футболбози Аврупо дар соли 1994 Христо Стоичков ба кишвари мо ташриф меорад.
Ба иттилои ФФТ, дар доираи лоиҳаи «Football For Schools» рӯзҳои 25-26-уми август дар шаҳри Душанбе барои 45 нафар омӯзгори тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, 27-уми август дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» фестивали футбол доир хоҳад гашт.
Тибқи нақшаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, соли ҷорӣ лоиҳаи «Football For Schools»-и FIFA 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишварро фаро мегирад. Ин лоиҳа ба омӯзиши усулу меъёрҳои футболи ҷаҳонӣ, рушд ва ҷалби кӯдакон ба футбол равона шудааст.
Финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 14-уми сентябр баргузор мешавад
Ин санаро Лигаи футболи Тоҷикистон тасдиқ кард. Дар бозии ниҳоии Ҷоми миллӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Эсхата»-и Хуҷанд вомехӯранд.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:00 оғоз мешавад.
Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон-2025 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 60 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷойи дуюм бо 40 ҳазор сомонӣ қадр мешаванд.
ҚАЙИҚРОНӢ
Шаҳриёр Даминов – ягона намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон
20-уми август дар шаҳри Милани Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ оғоз гардид, ки то 24-уми август идома меёбад.
Дар ин мусобиқаи муҳими сол кишвари моро як нафар – Шаҳриёр Даминов намояндагӣ мекунад.
Чемпионат дар ду равия – байдарка (7 масофа миёни мардону занон) ва каноэ (7 масофа миёни мардону 6 масофа миёни бонувон), инчунин, сабқат миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”