Баргашт Чоп кардан

ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Зимни баргузории ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба 23 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи замини наздиҳавлигӣ тақдим шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти МИҲД вилоят иттилоъ додааст.
Тақдими шаҳодатномаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» амалӣ гардидааст. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2007 то имрӯз 3394 омӯзгори ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полизӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардид.
ФИРӮЗА ЭМОМОВА САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД
Фирӯза Эмомова, мушовири Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар Озмуни байналмилалии илмӣ-амалии «Ифтихори миллат-2025», ки 17-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори ҷоиза гардид.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст. Дар Озмун Фирӯза Эмомова дар мавзуи «Ҳамоҳангии санъати пластикӣ дар меъмории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» пешниҳоди илмӣ манзур намуд.
ДАВРИ ДУЮМИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ»
Дар ҷумҳурӣ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» идома дорад.
Фестивал ҳар сол бо мақсади рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, ҷалби бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон баргузор мегардад.
Он дар се давр сурат мегирад. Даври якум аз 10-уми июн то 25-уми июл дар сатҳи маҳал доир гашт. Даври дуюм аз 1-уми август то 20-уми сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷараён мегирад. Дар назар аст, ки даври ниҳоии Фестивал бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар Фестивал-озмун суруду оҳангҳое иҷро мегарданд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос менамоянд. Муҳтавои онро тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, расму оин, истиқлолу озодӣ, дӯстию ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, анъанаву ҳунарҳои бадеии халқӣ ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ ташкил мекунад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”