Баргашт Чоп кардан

Мулоқоти маҷозӣ бо таҳлилгарони Ширкати байналмилалии рейтингии “Moody’s Investors Service”

Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо таҳлилгарони Ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service”, ки 19-уми августи соли равон тариқи маҷозӣ баргузор гардид, масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи баҳодиҳии рейтинги навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо оид ба тамоюлҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ, устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, динамикаи нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, оморӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва самтҳои калидии ҳамкории минбаъда табодули назар намуданд.
Бо ишора ба бештар гардидани эътимоди сармоягузорон ба дурнамои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бознигарии рейтинг ва дурнамои мусбати бархе аз кишварҳои минтақа таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайгирона заминаи устуворро барои таҳкими эътимоди сармоягузорон гузошта, тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ ва амалии ислоҳоти сохторӣ, ки барои бознигарии рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад, меандешад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории дарозмуддату созанда ва таҳлилҳои фарогир ба Ширкати мазкур миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки он дар баррасии навбатии рейтинги қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳоро ба назар мегирад.
Боиси зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 24-уми сентябри соли 2014 бо Ширкати рейтингии байналмилалии ”Moody's Investors Service” ҷиҳати баҳогузории рейтинги қарзии сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»