Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Рашт рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ – заминларза зарардида шинос гардид.
Тавре ба мо хабарнигори минтақавии рӯзнома Х. Зайниддин иттилоъ дод, муовини Сарвазир зимни шиносоӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар сохтмони маҳаллаи навбунёди ҳудуди деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳия ба масъулон маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон
Барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода бо намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судито Мукерҷи вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкорӣ дар самти шарҳи универсалии даврӣ (марҳалаи сеюм) ва дигар масъалаҳо табодули афкор анҷом доданд.
Муаррифии Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи
то соли 2040
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози рушд (DCC) Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муаррифӣ шуд.
Тавре дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мо тавзеҳ доданд, Стратегия самтҳои калидии сиёсати сармоягузории мамлакатро муайян намуда, ба ташаккули иқтисодиёти устувор ва инноватсионии рақобатпазир равона шудааст.
Шиносоии шунавандагони мактаби САҲА бо бинои нави Парлумон
21-уми август ҷавондухтарон – шунавандагони мактаби Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
Хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» хабар медиҳад, ки зимни шиносоӣ занон – вакилони Парлумон бо шунавандагони мактаб суҳбат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мактаби мазкур дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо мақсади таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат созмон дода шудааст.
Баррасии тарҳи либоси хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли ягонаи миллӣ
Дар Вазорати мудофиа доир ба масъалаи тарҳрезии либоси хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шакли ягонаи миллӣ машварати корӣ баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар рафти машварат иброз гардид, ки марҳала ба марҳала дар сохторҳои ҳарбии мамлакат тартиби пӯшидани сарулибоси низомӣ ба танзим дароварда шуда, намуди ягонаи сарулибоси ҳарбӣ амалӣ мегардад. Имрӯз мутобиқгардонии сарулибоси ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ ба шароити иқлими Тоҷикистон, интихоби намуди матоъ ва тарзи дурусти дӯхти он иқдоми наҷибонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Ҳамкориҳо дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар меҳвари мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобили судманди байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти технологияҳои иттилоотӣ, омодакунию бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ ва тақвияти ҳамкории муштарак дар оянда ишора намуданд.