Баргашт Чоп кардан

ҶОМЕА. ҶАВОНОН ВА ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ

Дар ҷомеаи муосир нақши ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ва ояндасоз муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳар давлате, ки ояндаи устувор мехоҳад, ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, зеро ҷавонон на танҳо меросбари фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мебошанд, балки онҳо неруи тозаи фикрӣ ва амалии ҳар кишвар ба шумор мераванд.
Тавре Сарвари давлат дар паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 22-юми майи соли 2025, таъкид карданд: “Имрӯзҳо ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳимояи зиндагии осудаи мардуми тоҷик дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона хизмат карда истодаанд”.
Дар робита ба ин ва бо мақсади баррасии саҳми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу ташвиқи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии ҷавонон, бо сармутахассиси раёсати ватандӯстии Кумита Мафтуна Суярзода суҳбат анҷом додем.
– Ҳифз намудани якпорчагии Меҳан ва соҳибихтиёрии давлат бояд ҳадафи асосии ҳар шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонон, маҳсуб ёбад. Тавре медонем, омилҳои таъсиргузор ба ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ аз оила, ки ячейкаи хурди ҷамъиятӣ ба шумор меравад, оғоз гардида, то ба мактабу донишгоҳу муассисаҳо идома меёбад. Дар умум, муҳит ба ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносии ҳар инсон таъсир гузошта метавонад. Бояд гуфт, ки вазъ ва муҳитро метавон тағйир дод, идора намуд ва ҳам назорат кард. Тухми ватандӯстиро дар ҷавҳари инсон метавон кишт. На қонун, на шартнома ё ягон асноди маҷбуркунанда наметавонад ватандӯстиро дар ниҳоди кас маъво диҳад. Танҳо фаъолияти созанда ва таъсирбахш лозим аст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, ки масъули ташаккули сиёсати ҷавонон аст, бо роҳандозии чорабиниҳои гуногун, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа талош меварзад. Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳо чорабиниҳои тарбиявӣ, ба монанди конфронсу семинарҳо, вохӯриҳо бо шахсиятҳои шинохта ва собиқадорон, форум ва фестивалҳо барпо менамоем, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таърихӣ баррасӣ мешаванд.
Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун, таҳкими ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз самтҳои муҳимтарини сиёсати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, барои рушди ин ҳиссиёт на танҳо сохторҳои давлатӣ, балки худи ҷомеа, оила ва муассисаҳои таълимӣ низ саҳм дошта метавонанд. Танҳо дар ҳамбастагӣ метавонем наслеро тарбия намоем, ки бо масъулияти баланд дар рушду ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”