МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ОМОДАГИРО БА МАРҲАЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2026 ОҒОЗ МЕКУНАД
21-уми август дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе омодагиҳоро ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз кард.
Ба иттилои ФФТ, сармураббии тими олимпии кишвар Леван Хомерики ба ҷамъомади ниҳоии пеш аз марҳалаи интихобӣ 30 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳалаи интихобӣ ҳамагӣ 23 бозигар ворид карда мешавад.
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «К» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо Непал (3-юми сентябр), Филиппин (6-уми сентябр) ва Сурия (9-уми сентябр) мебошанд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дар натиҷа, ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва чор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7 то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
ГӮШТӢ
ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШИРКАТ МЕКУНАНД
Дастаи мунтахаби гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римии Тоҷикистон марҳалаи ниҳоии омодагиро ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 13 то 21-уми сентябр дар Загреб (Хорватия) баргузор мешавад, анҷом медиҳад.
Дар мусобиқа ҳудуди 900 варзишгари беш аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, ки барои 30 маҷмуи медалҳо дар се равия: гӯштии тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштии занон мубориза мебаранд.
Зӯрозмоиҳо хеле бошиддат хоҳанд гузашт, зеро, тибқи иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштиҳо (UWW), 13 чемпиони Олимпиадаи Париж ба Загреб меояд.
Ҷумҳурии моро 5 варзишгар – легионерҳои тими мунтахаби гӯштии Тоҷикистон – намояндагӣ мекунанд: Айаал Белолюбский (57 кг), Абдумаҷид Кудиев (65 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг) – гӯштии тарзи озод; Эдуард Бабонешов (97 кг).
Паҳлавонони мо дар 34 соли истиқлоли давлатӣ дар гӯштии тарзи озод як медали Чемпионати ҷаҳонро сазовор гаштаанд. Гӯштигири маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар Боку медали нуқраи Чемпионати ҷаҳонро ба даст оварда буд. Соли гузашта Абдумаҷид Кудиев дар вазнҳои ғайриолимпии Чемпионати ҷаҳон медали биринҷӣ дарёфт карда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”