Баргашт Чоп кардан

ТАСДИҚИ РЕЙТИНГИ СОҲИБИХТИЁРИИ ҚАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАРАҶАИ B/B БО ДУРНАМОИ “УСТУВОР”

Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.
Дар доираи ҳамкориҳои ҷойдошта 15-уми август Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи B/B бо дурнамои «устувор» тасдиқ намуд.
Ба дурнамои «устувор» омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.
Тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар буда, ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»