Баргашт Чоп кардан

ХУРМО ШИРИНОВА

Вақте садои дилнишини ӯро мешунавем, беихтиёр чеҳраи хандону қомати мавзунаш пеши назар падидор мешавад…
Ӯ дар баробари овози хуб доштан, қади расо, симои зебо ва маҳорати хуби сарояндагӣ дошт…
Ӯ дар ҷавонӣ бо садои хуш ва ҳунари хуби овозхонӣ тавонист, ба қуллаҳои баланди ҳунар бирасад…
Дӯстону ҳамкоронаш ӯро «хушгуфтор, саҳназеб, дӯст ва ҳамсафари хуб» мегӯфтанд…
Хурмо Ширинова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 17-уми декабри соли 1957 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1978 онро бомуваффақият хатм мекунад. Ҳарчанд ихтисосаш ҳунарманди театр буд, садои марғуладораш ӯро ба ансамбли овозадори “Гулшан” меорад. Дар ин ҷо зуд мавқеи худро меёбад…
Хурмо аз овони донишҷӯйӣ ба овозхонӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Сабти таронаҳои нахустинаш низ ба ҳамин давра рост меояд. Кӯшиш мекард сурудҳояшро зуд сабт намуда, тариқи радио ва телевизион пешкаши ҳаводорони созу наво гардонад…
Пайвандонаш мегӯянд: «Онҳо дар оила ҳашт фарзанд ва Хурмо духтари калонии хонадон буд. Ӯ дар маҳфилҳои мактабӣ суруд мехонд, вале касе бовар надошт, ки дар оянда яке аз ситораҳои эстрадаи тоҷик мешавад»…
Овози ширадор, ҳаракоти саҳназебаш ба ҳунари овозхонияш тобиши тоза медоданд. Ҷустуҷӯ, навпардозӣ, ифодаҳои марғуби савт дар андак вақт ин бонуи ҳунармандро дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур кард…
Ҳаводорони таронаҳояш нақши Хурмо Шириноваро дар рушди мусиқии эстрадии тоҷик муҳим мешуморанд. Ҳанӯз ҳам насли замони ӯ бо шунидани сурудаҳояш эҳсоси ҷавонӣ мекунанд…
Хурмо дар солҳои 80-уми садаи гузашта яке аз маҳбубтарин сарояндагони таронаҳои эстрадӣ буд. Сурудҳои марғубаш аз қабили «Ман омадаам», «Дунё манам», «Маҳбубаи ҷон», «Ману дарё», «Ширин-ширин», «Кабки дарӣ», «Фаромӯш макун», «Ишқи синасӯз» то ҳол дар ёди мухлисонаш мондаанд...
– Хурмо Ширинова бисёр инсони хушгуфтор ва саҳназеб буд. Мехостам бо ӯ дуэт сароям. Бинобар ин, аз пайи ёфтани матне шудам, ки барои он мувофиқ бошад. Ниҳоят аз эҷодиёти Муҳаммад Иқбол матнеро интихоб карда, ба Хурмо нишон додаму таклифи якҷоя сурудан кардам. Ӯ пешниҳоди маро пазируфт. Мо ин таронаро дар чандин чорабиниҳои дохилию хориҷӣ иҷро намудем, – ба ёд меорад сарояндаи шинохтаи тоҷик Баҳодур Неъматов.
Аз суруду тарона ва шеърҳое, ки Хурмо Ширинова оҳанг бастааст, бармеояд, ки ӯ маъниву мазмуни онҳоро хеле хуб дарк мекарду ба умқи маънии онҳо мерасид.
Ин бонуи ҳунар бо суруду оҳангҳои пурмазмунаш, бо садои ширадору форамаш ва бо меҳру муҳаббати беандозааш нисбат ба ҳунар ва мардуму Меҳан дар дилу дидаҳои дӯстдорони савту наво ва каломи мавзун ҷовидона роҳ ёфтааст. Ӯро ба некӣ ёд мекунанд, аз ҳунари волову садои ширинаш, аз маҳорати сурудхониву рақсҳои мавзунаш, аз сурудҳои дилнишинаш мегӯянд. Садои ӯ, навои ӯ, ҳунари ӯ ҳамеша дар ёду хотираи муштоқони ҳунараш ҷовидон мемонад.
Хурмо Ширинова бо ҳунари волояш дар таърихи созу навои муосири тоҷик нақши барҷастае аз худ боқӣ гузошт. Ӯ соли 1998 дар айёми гулшукуфти умр ва дар интизори такмили оҳангҳои нотамом, дар авҷи камолоти ҳунар аз бемории саратон дунёро падруд гуфт…
«То ҳол бовар надорам, ки ӯ паҳлуи мо нест ва таҳаммул кардани ин ғам бароям сангин аст. Хурмо марвориди эстрадаи тоҷик буд, ситораи дурахшони ансамбли мо буд, ӯ хеле зуд ин ҷаҳонро тарк кард, вале таронаҳои воло аз худ боқӣ гузошт. Хеле инсони самимӣ ва меҳрубон буд. Ҳамеша сухани ширин ва табассуми зебояш ба ёдам меояду худро хушбахт эҳсос мекунам, ки бо чунин шахсияти наҷиб дӯсту ҳамкор будам», – мегӯяд Раҳима Шалоэр, собиқ сарояндаи ансамбли “Гулшан”.
Соли 1998 бемории Хурмо Ширинова авҷ мегираду табибон дар табобати он оҷиз мемонанд. Ҷарроҳӣ ҳам фоида намекунад. Наздиконаш маҷбур мешаванд ӯро ба Хоруғ баранд. Дӯстонаш тез-тез бо ӯ дар тамос шуда, аз саломатиаш пурсон мешуданд. Бо сабаби номусоидии ҳаво ва вазнин будани роҳ касе ҷуръат намекард, ки ба аёдаташ равад. Як рӯз пеш аз маргаш Раҳима Шалоэр бо ӯ телефонӣ гап мезанад. Ҳис мекунад, ки саломатиаш бадтар шудааст. Бинобар ин, мегӯяд: «Ту бояд бо ин беморӣ мубориза барӣ, таслим нашав. Ту ба ин дунё барои сароидан омадӣ, мухлисону дӯстонат туро интизоранд».
Хурмо Ширинова дар ҷавоб мегӯяд: «Бале, ман боз месароям ва хотири шуморо болида месозам. Ман намемирам».
Ёдат ҷовидону гиромӣ бод, Хурмои азиз!
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»