ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «САЙЁҲ»
Дар ин филворд номи мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Ватани биҳиштосоямон нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ҷумъагул НАЗАРОВА, шаҳри Ваҳдат
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК»:
1. Самад 2. Насрулло 3. Файзуллоев 4. Лоҳутӣ 5. Акобиров 6. Икромӣ 7. Сафарзода 8. Ниёзӣ 9. Лоиқ 10. Ғоиб
11. Юсуфӣ 12. Сулаймонӣ 13. Айнӣ 14. Фарзона 15. Гулназар 16. Меҳринисо 17. Гулрухсор 18. Афардӣ 19. Гулчеҳра 20.Турсун 21. Баҳманёр.
Оташи муҳаббати модар бар алангаи оташи сӯзон пирӯз шуд
Модари 31-сола – Эмма Схолси шветсиягӣ зимни як сӯхтори фавқулода худро ба оташи сӯзон андохт, то шаш фарзанди ҷон дар хатарашро наҷот диҳад.
Қисса ин аст, ки шабе манзили зисташ дар шаҳри Эдсбини Шветсия оташ мегирад. Чун сӯхтор дар ҳуҷраи хоби фарзандон сар мезанад, Эмма аз бӯйи дуд бедор шуда, фавран бо пойи бараҳна ба ҳуҷраи хоби кӯдакон ворид мешавад. Албатта, модар аз дуди ғализ нафасгир мешуд, ҳатто дар алангаи оташ месӯхт, вале муваффақ шуд, ки ҳамаи фарзандонро аз бало раҳонад.
Худи Эмма 93 дарсади ҷисмашро сӯхта қурбонии фарзандон кард. Ду моҳ дар ҳолати кома (беҳушӣ) афтода, беш аз 20 ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Аҷиб аст, вале далел аст, ки чун модар ба ҳуш омад, дар аввалин сонияҳо, бо вуҷуди дарди тоқатфарсо нахуст, дар бораи саломатии фарзандонаш пурсид...
Соли 2020 дар Шветсия ба Эмма Схолс барои ҷасорату шуҷоат ва муҳаббати бемисл нисбат ба фарзандон унвони “Қаҳрамони сол” дода шуд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ТЕСЛА
АВВАЛИН ШАҲР БО БАТАРЕЯҲОИ ОФТОБӢ
Дар Австралия сохтмони шаҳри Тесла оғоз гардид. Шаҳр аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои қонеъ кардани тамоми эҳтиёҷоти инфрасохтори он аз неруи Офтоб истифода хоҳад шуд.
Шаҳри Тесла (Tesla Town) дар наздикии пойтахти кишвар шаҳри Мелбурн сохта мешавад. Ҳар як хона бо батареяҳои офтобӣ ва аккумуляторҳои Tesla PowerWall ҷиҳозонда хоҳад шуд. PowerWall ба таъмир ва нигоҳубин ниёз надошта, 10 сол кафолат дорад. Дар назар аст, ки неруи офтобии истеҳсолшаванда барои нерубахшии электромобилҳои сокинони шаҳр низ бирасад.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ГАРИЕТТА
сангпушти шахсии Дарвин
Ба гумони ғолиб Чарлз Дарвинро аксарият мешиносанд. Дасти кам дар бораи назарияи ӯ маълумоте доранд. Ё медонанд, ки саёҳатро дӯст медошт ва кишварҳои зиёдеро ҳам тамошо кардааст. Вале кам касоне огоҳанд, ки Дарвин на танҳо дӯстдори олами ҳайвонот буд, балки сангпушти шахсие бо лақаби Гариетта низ дошт. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Гариеттаро ҳанӯз вақте панҷ сол дошт, Дарвин аз ҷазираҳои Галапагос бо худ оварда то охири умр нигоҳубин кардааст. Воқеан, Гариетта 124 сол баъд аз даргузашти соҳибаш дар синни 176-солагӣ ҷон додааст.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
ТАЪРИХИ ЯК АКС
ВАФОДОРӢ
Ин акс аз ҷониби Ханна Стоунхаус Ҳадсон гирифта шуда, зуд дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва рамзи поктарин муҳаббати инсонӣ арзёбӣ шуд.
Акс дар бораи Ҷон Ангер ва саги содиқаш – Шоуп, ки қариб ду даҳсола паҳлуи ҳам буданд, қисса мекунад. Ҷон сагро аз хурдиаш ба тарбият гирифта, ҳузури Шоуп дар зиндагиашро таскинбахши ҳолатҳои равонӣ медонист.
Бо мурури замон, саг пир ва ба бемории артрит гирифтор мешавад. Дар ҳамин ҳол, Ҷон тасмим гирифт бо роҳе дардҳои дӯсташро сабуктар созад. Ӯ пай мебарад, ки шиноварӣ дар об дарди Шоупро сабуктар месозад. Аз ин рӯ, ҳар бегоҳ саги беморашро ба оби хунуки кӯл мебурд ва бо дастонаш нигоҳ медошт, то саг озодона шино кунад. Ин амал шиддати дарди Шоупро сабуктар месохт, ки ҳатто баъзан вақт мисли кӯдак дар оғӯши соҳибаш хобаш мебурд. Ҷон тамоми кӯшишашро ба харҷ дод, то охирин солҳои ҳаёти дӯсташ дар фазои муҳаббат ва оромӣ сипарӣ гардад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
РОНАЛДУ
Аз нобоварӣ то бовар
Футболбози маъруфи сайёра Криштиану Роналду дар як мусоҳиба мегӯяд, ки ман ҳеҷ гоҳ сухани муаллими мактабиямро фаромӯш намекунам. Ӯ гуфта буд, ки Криштиану ту хурду заиф ҳастӣ, аз ту футболбози хуб намебарояд. Ман он вақт 11-сола будам, 11 соли хурдию камбағалӣ.
Баъд аз сухани муаллим ман ҳамон рӯз бо чашмони гирён ба хона рафтам ва пеши худ мақсад гузоштам, ки футболбозӣ хуб мешавам. Бидуни истеъмоли ғизои хуб саҳару бегоҳ вақт ёфта ба тамрин машғул мешудам. Кӯшиш кардам, ки қадам ба қадам пеш равам, ҳар голи задаам ба ман неру мебахшид...
Акнун дарк мекунам, ки иродаи қавӣ ва бовар доштан нисбат ба худ омили муҳимест, ки калиди муваффақиятҳоро ба дасти мо медиҳад.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЭҲСОС
Мардакҷон, ту дар ҳақиқат бо ман хушбахтӣ?
- Албатта, азизам.
- Пас чаро худат танҳо ба саёҳат меравӣ?
- Мехоҳам эҳсос кунам, ки бе ту то кадом андоза бадбахт мешавам.
Таҳияи
Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ҚАҲРАМОНӢ
- Тинҷӣ-мӣ Ҳайдар, таги чашмат сиёҳу кабуд шудааст?
- Аз пушти зани дӯстдоштаам ҷанг кардам.
- Офарин. Бо кӣ ҷанг кардӣ?
- Бо кӣ мешуд? Бо зани худам.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ОШХОНАИ ЧИНӢ
Ошхонаи чинӣ яке аз қадимтарин ошхонаҳои дунё буда, бо таърихи бой, муносибати махсус ба пухтупаз ва пешниҳоди он авлавият дорад. Ҳатто имрӯз дар Чин ҳашт мактаби асосии пухтупаз мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд. Масалан, таомҳои Сичуан бо тунд будани худ маъруфанд, дар ҳоле ки таомҳои кантонӣ бо истифодаи маҳсулоти баҳрӣ маълуманд. Таомҳои Шандонг, Ҷянсу, Хунан, Фусзян, Анхой ва Чжэсзян низ аз ҳам (бо маҳсулоти тару тоза, биринҷ ва занҷабилҳо) комилан фарқ мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои Чин як қисми таомҳои анъанавӣ аз малаху кирмҳои абрешимӣ иборат мебошанд, зеро истеъмоли ҳашарот дар тиби анъанавии чинӣ муфид маҳсуб меёбад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ЯСМИНА
Шуҳрати як тоҷикдухтар
Ясмина Алидодова аз синни 6-солагӣ ба овозхонӣ машғул аст. Ҳоло Ясминаи 20-сола дар Дубай зиндагӣ мекунад. Овозхони ҷавон иштирокчии озмунҳои сершумори байналмилалӣ мебошад. Вай дар озмуни X Factor, ки дар он ҳунармандони ҷавони боистеъдоди Имороти Муттаҳидаи Араб гирд омада буданд, бо таронаи «Nasini Donya» – «Ragheb Alama» ширкат карда, доваронро ба ваҷд овард.
Ясмина на танҳо сароянда, балки модел ва ҳунарпеша низ ҳаст ва дар филми “Деҳқон” нақш бозидааст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ҚАЙИҚ АЗ КАДУ
Ҳар сол дар кӯли Песакид (Шотландия) мусобиқаи хеле ғайриодӣ баргузор мешавад. Шиноварӣ дар атрофи як мавзуи мушаххас сурат мегирад ва ширкаткунандагон бояд қайиқи кадуии худро оро дода, либоси махсус пӯшанд.
Зимнан, ин каду, ки дар он иштирокчиёни мусобиқа шино мекунанд, воқеӣ аст. Дохили онро тоза карда, лак мемоланд ва баъд дар об санҷида мешавад. Варзишгарон дар дохили қайиқи кадуӣ бояд 800 метр шино кунанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
5. Ғори Фингал (Шотландия)
Ғори Фингал дар ҷазираи беодам – Стаффа, дар соҳили ғарбии Шотландия ҷойгир аст. Он намуди хеле ғайриодӣ дошта, деворҳои дохилаш аз сутунҳои шашкунҷаи базалтӣ иборатанд.
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки онҳо сохтаи дасти инсонанд, аммо дар асл онҳо як офаридаи нотакрори табиат мебошанд.
Барои ин муъҷизаи ғайриодии табиат бисёр шахсиятҳои машҳур омадаанд. Дар байни онҳо малика Виктория, Жюл Верн ва Уолтер Скотт низ буданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
КАЛИДИ КУҲНА
Челонгар аз болохона калиди куҳнаеро ёфта, хост онро партояд, зеро чиркину зангзада буд.
– Чаро маро мепартоӣ? – пурсид калид.
– Дигар ҳама қулфҳо замонавианд охир, ту ба чӣ кор меоӣ?
Калид як имкони дигар пурсиду соҳибхона ҳам розӣ шуд. Аз қазо рӯзи дигар сандуқи куҳна, вале аҷиберо пайдо намудаву дар кушоданаш ноилоҷ монданд. Сухани калид ба ёди челонгар, ки буд, зуд рафта онро оварду ба осонӣ сандуқро кушод. Ҳама инро дида ҳайрон шуданд, ки чӣ хел як калиди фарсуда чунин сандуқи бузургро тавони кушодан кард.
Калид, ноаён барои дигарон, ба гӯши челонгар гуфт:
– Маро на аз рӯи ҷилоям, балки аз рӯи қудрату тавоноиям бояд баҳо медодӣ.
Масал: барои партофтани ҷиҳози куҳна ва назарногир шитоб накунед – баъзан он калиди бахткушо мешавад!
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
МАН БОВАРӢ ДОРАМ, КИ...
Гурӯҳи калони профессоронро ҷамъ ва ба ҳавопаймо савор карданд. Вақте дарҳо баста шуданд ва ҳавопаймо ба парвоз омодагӣ медид, ба ҳама профессорон гуфтанд, ки ин ҳавопайморо шогирдонашон сохтаанд. Дар посух профессорҳо ба сӯи дари ҳавопаймо шитофтанд ва кӯшиш карданд, ки берун шаванд ва худро наҷот диҳанд, ба ҷуз як профессор, ки бо эътимод ва ором нишаста буд.
Касе аз ӯ пурсид, ки чаро аз ҳавопаймо баромада рафтанӣ нест?
– Профессор бо боварӣ ҷавоб дод:
Конструкторон, шогирдони мананд.
Аз ӯ пурсиданд: «Ва ту мутмаин ҳастӣ, ки онҳоро хуб таълим додаӣ?».
Профессор оромона ҷавоб дод: "Ман боварӣ дорам, ки ҳавопаймо, умуман аз ҷо барнамехезад".
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
5. Фёдор Гааз (солҳои 1780 – 1853)
Сардухтури беморхонаҳои маҳбаси Маскав Фёдор Петрович Гааз аввалин шуда, дар Русия масъалаи ҳуқуқи дастрасии ҳар кас ба хизматҳои тиббиро ба миён гузошт. Ин табиби халқӣ аз ҳисоби худ беморхона кушод ва солҳои зиёд камбағалонро бо доруворӣ таъмин кард.
Ӯ дар давраи фаъолияти худ ба манъи шиканҷа дар зиндонҳо, кушодани беморхонаю мактабҳо барои кӯдакони маҳбусон дар маҳбасхонаҳо муваффақ шуд.
Дар Маскав бо маблағҳои ҷамъиятӣ ба хотири эҳтироми доктор Гааз муҷассамае бо шиори «Ба некӣ кардан шитобед!» гузошта шудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
РӮЙИ ДУШМАН СИЁҲ...
Аз Лоҳурӣ пурсиданд?
- Чаро мӯйи сафеди саратро дар навадсолагӣ сиёҳ кардӣ?
Шайх дар ҷавоб мегӯяд:
- Мӯйи сафед душмани зиндагист, рӯйи душманро сиёҳ бояд кард!
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ЙОГА БАРОИ КОҲИШИ СТРЕСС
Раёсати хариди Бундестаг (парлумони Олмон) барои коҳиш додани стресси кормандон устодони йогаро ҷалб мекунад.
Дар курсҳои йога аз моҳи феврали соли 2026 то январи 2030, иштирокчиён усули эътирофшудаи паст кардани стрессро меомӯзанд, то тавонанд аз гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо пешгирӣ кунанд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
АВВАЛИН ДАСТГОҲИ ЧОПӢ
Ихтирои дастгоҳи чопӣ аз дастовардҳои бузурги инсоният шинохта мешавад, зеро тавассути он китобҳо ба нашр мерасиданду донишҳои мардум меафзуданд.
Аввалин дастгоҳи чопиро соли 1440 ихтироъгари олмонӣ Иоҳанн Гутенберг сохтааст. Он дар муддати кӯтоҳ шуҳрати зиёд касб намуда, тули сад сол тамоми оламро фаро гирифт.
Маҳз ихтирои Иоҳанн Гутенберг аст, ки имрӯзҳо мо аз самараи он – рӯзнома, маҷалла, китоб ва амсоли инҳо ғизои маънавӣ мегирем.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Дар 22 чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки 964 бозӣ баргузор шудааст, мухлисон шоҳиди 2720 гол гаштаанд.
Дар таърихи Ҷоми ҷаҳон ба 54 футболбоз муяссар шуд, ки дар як бозӣ се ва зиёда аз он гол занад. Аввалин хет-трикро бошад, футболбози амрикоӣ Берт Пэтноуд дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1930 зимни бозии дастааш бо тими Парагвай ба номи худ сабт кард.
Дар маҷмуъ, дар се бозии чемпионати ҷаҳон ду хет-трикӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, зимни бозии финалӣ ду маротиба хет-трик сабт гардидааст: дар финали соли 1966 Ҷефф Ҳерсти англис ба дарвозаи тими Олмони Ғарбӣ се гол зад ва дар финали соли 2022 футболбози фаронсавӣ Килиан Мбаппе ба дарвозаи тими Аргентина се тӯб ворид кард.
Инчунин, дар чемпионати ҷаҳон шаш футболбоз дар як бозӣ чаҳор гол заданд: Эрнест Вилимовский (1938), Адемир (1950), Шандор Кочиш (1954), Жюст Фонтен (1958), Эйсебио (1966) ва Эмилио Бутрагено.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО