Дар замони муосир, ки шумораи воситаҳои нақлиёт ва иштирокдорони ҳаракат дар роҳ рӯз ба рӯз меафзояд, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Агар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 389 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, мувофиқи маълумоти оморӣ то 1-уми январи соли 2025 дар Бозрасии давлатии автомобилӣ 701231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 55 мошин рост меояд, яъне ҳар як 18-ум сокини Тоҷикистон соҳиби воситаи нақлиёти шахсӣ мебошад. Ин ҳолат масъулияти БДА-ро сол ба сол бештар месозад.
Шаҳри Душанбе калонтарин маркази нақлиётии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бинобар афзоиши бемайлони шумораи воситаҳои нақлиёт ва аҳолии шаҳр, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохта ба истифода супурдани лоиҳаҳои инноватсионӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ зина ба зина амалӣ мешаванд.
Ҳанӯз 31-уми октябри соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе расман ба кор дароварда шудани марҳалаи якуми лоиҳаи инноватсионии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар” як қадами муҳим барои ворид намудани технологияи пешрафтаи инноватсионӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ буд ва имрӯзҳо бо шарофати ин лоиҳа дар аксар чорроҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятӣ тавассути камераҳои наворбардорӣ ба таври автоматӣ назорат ва ба қайд гирифта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ низоми ҳаракат дар дилхоҳ чорроҳаҳо ва ё кӯчаҳои алоҳида ба таври фосилавӣ тағйир дода мешавад.
Аз рӯйи маълумоти ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025, тавассути лоиҳаи инноватсионии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар” 87475 далели вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.
Дигар лоиҳаи муҳими инноватсионӣ, сохторе, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфтааст – “Шаҳри ҳушманд” мебошад, ки 20-уми июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Теъдоди камераҳои мушоҳидавии Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” 145 адад, суръатсанҷҳояш 63 адад буда, дар 54 кӯчаи шаҳри Душанбе насб шудаанд. Онҳо аз меъёри муқарраргардида баланд намудани суръати ҳаракат, итоат накардан ба чароғакҳои роҳнамо, баромадан ба самти муқобил, риоя накардани талаботи нишонаҳои қисми роҳ ва риоя накардани талаботи аломатҳои роҳро ба қайд мегиранд.
Пардохти ҷаримаҳо ғайринақдӣ буда, мувофиқи рамзи Qr ва ҳамёнҳои мобилӣ пардохт мешаванд.
Раёсати БДА ҳамкориро бо аҳли ҷомеа ва дигар вазорату корхонаҳо таҳким мебахшад. Аз ҷумла, оид ба вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки наврасону ҷавонон, бахусус донишҷӯён, бо Вазорати маориф ва илм, вобаста ба зарурати хизматӣ дар заминаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалияҳои маъмурӣ ва кофтукови воситаҳои нақлиёти дуздидаву рабудашуда ва садамаҳои нақлиётие, ки дар онҳо ронандагонашон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, бо шуъбаҳо ва мақомоти дахлдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории пайвастаи судманд ба роҳ монда шудаанд.
Бо мақсади пурзӯр намудани назорат аз болои ҳаракат дар роҳ, бахусус пиёдагардон, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва паст гардондани сатҳи вазнинии оқибати ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, дар ин давра амалиётҳои мақсадноки “Пиёдагард”, “Танбашавии воситаҳои нақлиёт”, “Муоинаи техникӣ” ва “Воситаҳои нақлиёти махсус” ташкил ва гузаронда шуданд.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма ва телевизиону радио пайваста ҳамкорӣ менамояд. Бобати таъмини ҳатмии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар шаш моҳи гузашта 413 намоишу гузориши телевизионӣ ва 404 гуфтори радиоӣ таҳия гашта, дар матбуоти даврӣ 139 мавод нашр гардид. Дар байни аҳолӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, муассисаҳои нақлиётӣ ва ғайраҳо 5919 суҳбату вохӯрӣ анҷом пазируфт.
Раёсати БДА ВКД ҳамеша талош дорад, ки сафи ин ниҳоди муҳими интизомӣ аз мутахассисони соҳибмаълумот, кормандони дорои малакаи касбӣ пурра гардад. Барои ин, мо аксар вақт аз донишкадаву донишгоҳҳо ба кадрҳои ояндаи худ таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани ҳаракати «Назоратчиёни ҷавони ҳаракати нақлиёт» бо ҳамин мақсад аст.
Ҳамкориҳои байнидавлатии мо низ инкишоф меёбанд. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳим будани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ ва оқибатҳои ногувори он, ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ мешуморад.
Дар ҳамин замина, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ "Стратегияи миллӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2035 ва нақшаи амали он" бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва вазъи воқеии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мамлакат таҳия шуда истодааст.
Дар ҷараёни тартиб додани асосноксозии техникӣ ва таҳияи Cтратегия, коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба таҳкими масъулият ва вазифаю уҳдадориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъмини ҳамкориҳои байниидоравии БДА таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Дар асоси "Стратегияи миллӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2035 ва нақшаи амали он" таъсис додани Обсерваторияи БДА ё худ “Маркази автоматикунондашудаи ҷамъоварӣ ва таҳлили омории ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар назар аст.
Автомобил дар кишвари мо воситаи муҳимтарин ва асосии нақлиёт аст. Вобаста ба ин, мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама вақт бобати танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо масъулияти баланд нишон медиҳад. Таърихи гузаштаи БДА пурифтихор буда, кормандони ин ниҳоди муҳим кӯшиш мекунанд, ки минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои худ бо садоқат амал намоянд.
Абдураҳмонзода Миралӣ САЙРАҲИМ, сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия