Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. БУНЁДИ 23 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

21-уми август таҳти унвони “Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ: аз мафҳум то амал дар маорифи пойтахт” Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 26 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 4700 ҷойи нишаст ва 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 20240 нафар хонанда ба нақша гирифта шуда, то оғози соли таҳсили 2025-2026 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 2630 ҷой ва 5 муассисаи таълимӣ барои 4744 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо соли 2024 ва нимсолаи аввали соли 2025-ум 10 омӯзгори шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сочии Федератсияи Россия, шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон, Шоҳигарии Камбоҷа, шаҳри Куала-Лумпури Малайзия сафарбар гардиданд.
Таъкид гашт, ки 5 сол аст, ки рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани асосҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи маорифи пойтахт бо маром идома дошта, шаҳри Душанбе дар ин ҷода яке аз пешсафон ба шумор меравад.
Маълумот дода шуд, ки танҳо ҳафтаи гузашта дар пойтахт 3 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии муосир ба истифода дода шуд. Соли 2025 дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ сохтмони 11 кӯдакистон барои 2650 кӯдак ва 21 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 22 ҳазору 120 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 840 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни Конференсия, ҳамчунин ба масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, натиҷаҳои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, вазъи таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва омодагии муассисаҳо ба мавсими зимистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки соли ҷорӣ 340 297 нусха китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимии пойтахт дастрас гардид ва ин раванд идома дорад.
Собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва унвонҳои соҳавӣ сарфароз гардиданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”