Баргашт Чоп кардан

БӮСТОН. ШАҲРЕ, КИ ГУЛИСТОН МЕШАВАД

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бӯстон корҳои ободонӣ ва навсозӣ бо маром идома доранд. Барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки аз 223 банд иборат мебошад, корҳои назаррас анҷом дода шуданд. То имрӯз иҷро гардидани 179 банд шаҳодати он аст, ки шаҳрдорӣ ва сокинон бо ҳисси баланди масъулият ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ омодагӣ мегиранд.
Дар нимсолаи аввали соли равон, дар доираи нақшаи амалишаванда, 56 лоиҳаи ободониву созандагӣ ба барнома ворид гардида, аз онҳо 52-тоаш амалӣ шудааст. Ин натиҷаи фаъолият ва ташаббусҳои пайвастаи мақомоти маҳаллӣ, дастгирии аҳолӣ ва бахши хусусӣ мебошад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корҳои таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Хуҷанд” ва барқарорсозии кӯли марказии шаҳр бо истифода аз имкониятҳои дохилии шаҳр вусъат ёфта истодааст. Ин тадбирҳо бо мақсади беҳтарсозии фазои истироҳативу сайёҳӣ роҳандозӣ шуданд.
Дар самти сабзкорӣ ва зебогардонии муҳити шаҳр низ як қатор иқдомҳои муҳим амалӣ гаштанд. Дар шафати кӯчаҳо ва хиёбонҳои асосии шаҳр, 4020 бех дарахти ҳамешасабз, 29 ҳазор бех гули садбарг ва 269 920 бех гули мавсимӣ шинонда шуд.
Тавре дар суҳбат то хабарнигори рӯзнома раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, изҳор дошт, айни замон дар шаҳр 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад. Маблағи азхудгардида зиёда аз 540,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки барои пешбурди лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ равона гардиданд.
Ҷалби сармояи хориҷӣ, асосан, барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ва сармояи мустақим ба рушди истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бахусус дар соҳаи бонкдорӣ ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, нигаронда шудааст. Ҳамзамон, сармояи дохилӣ барои сохтмони манзил ва иншооти иҷтимоӣ ҷалб мегардад.
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат шаҳри Бӯстон иқдомҳои амалӣ роҳандозӣ намудааст. Айни замон шумораи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба 60 расидааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба 284,7 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин корхонаҳо зиёда аз 60 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд, ки бозори маҳаллиро таъмин намуда, иқтидори содиротии шаҳрро низ тақвият мебахшанд.
Ин дастовардҳо симои шаҳрро дигаргун сохта, заминаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро барои солҳои оянда фароҳам меоранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”