Баргашт Чоп кардан

АШТ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

Бо мақсади истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда корҳои назарраси ободониву созандагӣ бомаром ҷарён доранд.
Дар солҳои 2022-2024 ва нимсолаи аввали соли 2025 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 963 иншооти ҷашнӣ бо арзиши умумии 184 миллиону 866,2 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 300 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Айни ҳол корҳои сохтмону таҷдид дар як қатор иншооти дигари ҷашнӣ идома доранд.
Барои рушди устувори соҳаи сохтмон ва беҳтар намудани симои ноҳия, ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ, таъмин гардида, барои бунёди иншооти иҷтимоиву маишӣ ва хизматрасонӣ, дар асоси талаботи меъмории муосир, чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамзамон, маҳалҳои аҳолинишин дар руҳияи ободонӣ ва созандагӣ зебо мешаванд.
Тибқи иттилои раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, дар шашмоҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби ташкилоти сохтмонии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 408,3 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ анҷом ётанд. Дар ҳамин давра дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба масоҳати умумии 25 ҳазору 281 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон, бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими ифтихори ватандорӣ ва пос доштани истиқлоли давлатӣ майдони Парчами давлатӣ бунёд гардид, ки ба яке аз мавзеъҳои рамзии шаҳрак табдил ёфтааст.
Корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Ашт бо руҳияи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ идома дошта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ЗАФАРОБОД. ОҒОЗИ МАВСИМИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА
20-уми август кишоварзони ноҳияи Зафаробод мавсими чиниши пахтаро расман оғоз намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Даврониён”, ки дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод ҷойгир аст, дар майдони 10 гектар пахта кишт карда, дар натиҷаи коркарди самараноки агротехникӣ ҳосили баланд ба даст овардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия, дар маросими оғози чиниши пахта раиси ноҳияи Зафаробод Муқим Муродзода, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, собиқадорони меҳнат ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод иштирок доштанд.
М. Муродзода таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод тасмим гирифтааст, маъракаи ҷамъоварии ҳосилро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, бо истифода аз ҳавои мусоид зироатҳоро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намояд.
Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони умумии 10 ҳазору 107 гектар чигит кишт намудаанд ва тасмим доранд, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ва ғанӣ гардондани бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ба гуфтаи масъулони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, мавсими кишти имсола бобарор гузашта, бо истифодаи оқилонаи оби полизӣ ва тадбирҳои агротехникӣ нашъунамои зироат дар сатҳи хуб қарор дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ
Деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолият аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Файзобод мебошад. Сокинони он барои сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ободкорӣ машғуланд.
Аз ҷумла, соҳибкор Давлатбег Давлатов бо мардуми деҳа тасмим гирифт, ки дар деҳа ду иншоот: боғчаи кӯдакон ва толори варзишро бо ҳамаи шароитҳояш сохта, мавриди истифода қарор медиҳад. Аллакай, сохтмони иншооти болозикр оғоз шудааст.
Мавриди зикр аст, ки соли рафта модари Давлатбег Давлатов - Гадобегим Давлатоваи 96-сола маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро ба ободонии деҳа сарф карда, ба маблағи зиёда аз чил ҳазор сомонӣ пул сохта, мушкили мардуми деҳаро осон намуд.
Ҳокими САФАР, сокини ноҳияи Файзобод