Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни мулоқот ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва сохторҳои Созмон табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо мавзуъҳои марбут ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди дарпешистодаро низ баррасӣ карданд.
Машваратҳо перомуни такмилдиҳии фаъолияти ИДМ
Дар шаҳри Минск таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои вижа роҷеъ ба масъалаҳои такмилдиҳии фаъолияти ИДМ баргузор гаштанд.
Ҷонибҳо масоили марбут ба самаранокии ҳамкориҳо дар қолаби Иттиҳодро муҳокима намуданд. Зимни машварат, ҳамчунин, ҷиҳати беҳбуди кори ниҳодҳои соҳавӣ ва тартиби тақсими квотаҳо ба таври фарогир табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин бора ба мо аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
«ШАҲРИ БЕХАТАР»
Татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳа
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо раиси ширкати «Huawei» дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Ган Сзянхуа мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои таҳия ва татбиқи технологияҳои нав, рақамикунониро дар ҷумҳурии мо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар», васл кардани барномаҳои нав, шинохти чеҳра, муайян кардани рақами қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқоти вазири нақлиёт бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн вохӯрд.
Ҷонибҳо доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо баён доштанд.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорат хабар доданд.
Боздиди ҳайати Қатар аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара
Тавре «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар доираи сафари хеш ҳайати мазкур бо ҳамроҳии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ С. Холмаҳмадзода аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара боздид ба амал овард.
Меҳмонон бо синфхонаҳои дарсҳои назариявӣ, забономӯзӣ, устохонаҳои таълимӣ ва шароитҳои фароҳамшуда барои касбомӯзии шаҳрвандон шинос шуда, аз дарси амалӣ дар устохонаи коркарди меваю сабзавот дидан намуданд.
Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, дар асоси маълумоти фаврӣ ва тибқи дурнамо, бояд дар ҷумҳурӣ 186100 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шавад.
Ба ҳолати 22-юми август дар майдони 189504 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки аз он 113616 гектарашро ғалла ташкил медиҳад.
Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф
Дар Сингапур таҳти унвони «Таҷрибаи Сингапур: дигаргунии маориф барои сиёсатмадорон» ҳамоиши байналмилалии омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳурии мо низ ширкат варзиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҳамоиш аз 27 давлати ҷаҳон намояндагони сохторҳои давлатӣ ва маориф иштирок намуданд. Ҳадафи он омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти низоми маориф, таҳияи сиёсати соҳа дар асоси равандҳои ҷаҳонӣ ва татбиқи технологияҳои нав мебошад.
Ҳамоиш оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ» ҳамоиш доир гардид.
Таъкид шуд, ки рақамикунонии соҳа талаби замон буда, дар баробари осон кардани кори мутахассисони соҳа, ҳамзамон, барои сари вақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифтани беморон мусоидат менамояд.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорат хабар доданд.
Ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
«23-юми август дар ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор шуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ дар Панҷакент
Таҳти роҳбарии муовини раиси минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором Сандип Кумар намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ бо мақсади баҳодиҳӣ ба пешниҳод барои пазируфтани шаҳри Панҷакент ба узвияти Шуро дар номинатсияи сӯзанӣ ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» ба Тоҷикистон омаданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти МИМҲД шаҳри Панҷакент, ҳайат бо намунаи ин ҳунари қадимӣ ва анъанавии мардумӣ шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд. Ҳайат, ҳамчунин, бо намоишгоҳи сӯзанӣ дар «Кохи Лоиқ», маркази сӯзанӣ, маркази кулолӣ, дар хона ва коргоҳи ҳунармандон бо намунаи ҳунарашон шинос гардида, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳрро тамошо намуданд.