Дар заминаи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ ва ҳамаи шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия босуръат идома доранд.
Бояд зикр намуд, ки бунёди роҳҳо дар деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Ҷаббор Расулов танҳо як лоиҳаи муҳандисӣ набуда, ин амал имрӯз ҳамчун рамзи деҳа, эҳёи якдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни наслҳо арзёбӣ мегардад.
Имрӯз дар ноҳия ба таъмиру тармим, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ, диққати махсус дода мешавад.
Чунин тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ бо сарҷамъиву муташаккилии аҳли ҷамоатчигӣ барои ободу зебо гардондани маҳал сурат гирифта, ин амал чун ҳамовозӣ ва пайгирӣ аз татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад.
Чанде пеш раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода дар рафти мумфаршкунии роҳҳо дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳия иштирок ва бо сокинони деҳа суҳбат намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи А.Навоии деҳаи Меҳргони деҳоти Ҳаёти Нав зиёда аз 1 километр ва бараш 4 метр буда, бо маблағи 380 ҳазор сомонӣ мумфарш мегардад.
Дар ин замина, бояд зикр дошт, ки то имрӯз бо супориш ва дастгирии раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода дар ҳудуди деҳоти Ҳаёти Нав зиёда аз 20 километр роҳ асфалтпӯш гардидааст.
Ҳамзамон, мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи С. Насимов ба масоҳати 2,3 километр ва Ю. Файзуллоеви деҳоти Ғӯлакандоз ба масоҳати 1,2 километр идома дорад.
Сокинони сарбаланди деҳот бо ихлоси саодатмандӣ изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро доимо эҳсос менамоянд ва баҳри амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи маҳал ва деҳаву кӯчаи худ саҳми худро мегузоранд.
Саъдулло МАХКАМОВ,
рӯзноманигор