Истиқлол мафҳуми фарогир аст. Падидаест, ки ҳамвора таҳким меёбад. Аз ин рӯ, мо ҳам ба ҳимояву пойдории он бояд гомҳои устувор гузорем.
Вақте ки дар бораи истиқлоли миллату кишварамон меандешем, аввалин саволе, ки пеши худ бояд гузорем, ба андешаи ман ин аст, ки аз худ пурсем: мо дар баробари истиқлоли давлатиамон чӣ мавқее дорем, барои таҳкими он чӣ кор кардаем ва чӣ кор бояд кунем? Албатта, барномаҳои ҳукумативу давлатии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони мо чунон роҳандозӣ шудаанд, ки ҳар яки мо тавассути вазифа, касбу пеша, корхонаву идора ва маъмуриятамон дар радифи ҳамагон саҳме барои таҳкими истиқлоли давлатӣ гузоштаему мегузорем. Аммо ҳадафи банда аз ин савол паҳлуи дигар дорад, берун аз масъулияту вазифа оё воқеан мо чӣ саҳме дар ободиву рушди кишварамон гузоштаему хоҳем гузошт?
Масалан, оё бо раъйи худ, ташаббуси худ коре барои таҳкиму рушди истиқлоламон кардаем, ягон ниҳоле шинондаем, ягон гулу сабзае парваридаем, аққалан ягон партоберо аз сари роҳамон бардоштаем? Банда мебинам, ки ана ҳамин эҳсос ҳанӯз дар вуҷуди мо "мелангад". Мо ҳама бо гуфторамон дӯстдори истиқлолем, дӯстдори Ватанем, аммо оё бо рафтору кирдору амаламон ҳам чунинем. Ба мушоҳидаи банда қисми зиёди аҳолии мо, ҳарчанд худро ватандӯсту муаддаб меҳисобанд, на ин ки партовҳоро аз сари раҳ, ҳатто аз канори хонаву ҳавлии худ намебардоранд, балки, баръакс хунсардона партовҳои дасташонро ба рӯи роҳ меафкананд. Албатта, ин корро аз бефарҳангӣ, аз танбалӣ, аз бепарвоӣ мекунанд. Аммо, эҳсоси ватандорӣ аз ҳамин амалҳо ва масъулиятҳои дар назар хеле кӯчак сар мешавад.
Яъне, дарки истиқлол, Ватан ва ҳар ваҷаб хоки он чун вуҷуди ягонаи ҷудонопазир бояд дар сиришти ҳар яки мо мавқеъ дошта бошад.
Истиқлоли маънавии миллати мо дар чӣ зоҳир мешуд? Пеш аз ҳама дар забон, одоб, фарҳанг ва илму адаби миллати мо! Истиқлоли маънавие, ки миллати моро нигоҳ дошту пуштибони ӯ буд, пеш аз ҳама дар маросимҳо ва оину суннатҳои баланди миллӣ, дар таълимоте, мисли футуввату ҷавонмардӣ падид омада буд. Бунёди ҳамин маънавиёти бузург ва сабақҳои гарони таърихӣ буд, ки истиқлоли пурбаҳои бадастомада, яъне, истиқлоли давлатии имрӯзи кишварамонро халқи соҳибтамаддуни мо пас аз садсолаҳо, бо баландтарин арҷгузориҳо истиқбол гирифту қабул намуд. Мо худ шоҳиди он шудем, ки ҷоннисорӣ дар роҳи истиқлоли миллӣ метавонад дар кӯтоҳтарин даврон миллатро ба сӯи комёбиҳое раҳнамун созад, ки дар тули садсолаҳо орзу дошту ба он ноил намешуд.
Хушбахтона, имрӯз мо соҳиби Сарвари ҷоннисору ватандӯст, Пешвои дурандеш ва халқи хирадпешае ҳастем, ки дар тули анқариб 34 соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мавқеи бегазанди сиёсиву иҷтимоӣ ва сиёсати хайрхоҳонаи башардӯстонаеро пеш гирифтаанд, ки ҳам амнияту пешрафти кишвар ва ҳам мавқеъ ва обрӯи байналмилалӣ онро хеле шоиставу дурахшон дар дунё муаррифӣ менамоянд. Имрӯз Тоҷикистон кишваре нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро нашиносанду надонанд, чунонки дар гузашта буд, балки баръакс Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари хирадпешаву некбини он имрӯз пешгоми ташаббусу иқдомҳои пурсамари байналмилалӣ мебошанд.
Ҳоло Тоҷикистони азиз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшони худ равон аст. Миллати барӯманди тоҷик бошад паёми обҳои зулолу ҳастии поку ҳалолро бо худ мебарад ва раҳ ба раҳ сарзамини зарфишону гулафшону сарсабзи худро ба биҳишти инсонҳои неку хайрхоҳ табдил медиҳад. Кош Тоҷикистон роҳаш бехатар ва дур аз чашмони бад бошад! Кош ба ниятҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи худ бирасад ва кафолати тинҷиву амонӣ ва бехатарии инсонҳои рӯи замин гардад!
Дил мехоҳад нидо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бош, эй халқи заҳматдӯст, нексиришту ҷоннисори тоҷик. Кас мехоҳад дуо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бошед, Пешвои ватандӯсту ҷоннисор, ятимпарвару фарҳангдӯст, хайрхоҳу некбини миллати мо! Зиндаву поянда бод истиқлоли давлатии халқи хирадпешаи тоҷик ва ваҳдати миллии он – ягона кафолати пойдории ин истиқлол!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон