Баргашт Чоп кардан

ИСТАРАВШАН. БАРДОШТ АЗ ЯРМАРКА-ФУРӮШИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ

Мо ба оғози соли нави таҳсил торафт наздик мешавем. Дар ин давра волидон хеле сертараддуд буда, чун анъана барои фарзандони худ лавозимоти хониш, аз ҷумла либоси мактабиро харидорӣ менамоянд. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон ярмарка – фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда мешавад. Чунин иқдоми нек дар шаҳри Истаравшан низ амалӣ гашт.
Баҳри таъмини мактаббачаҳо бо либоси мактабӣ муассисаҳои таълимӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии ватании «Нури Истаравшан», «Дилнозабону», «Ситора», соҳибкорони инфиродӣ И. Иброҳимов, М. Қаҳҳоров ва коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и шаҳри Хуҷанд шартномаи дутарафа баста, дар ин самт корҳоро дуруст ба роҳ мондаанд. Айни ҳол, дар ярмарка беш аз 4 корхона ва соҳибкорон ширкат варзида, маҳсулоти худро пешкаши харидорон намудаанд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти ярмарка-фурӯши либосҳои мактабӣ дидан намуд. Зимни боздид раиси шаҳр масъулони соҳа, аз ҷумла дӯзандагонро ба таъмини суръат ва сифати баланди истеҳсоли маҳсулот ҳидоят намуда, таъкид кард, ки бояд сарулибоси тавсиявӣ ҷавобгӯи талаботи стандартҳои муқарраршуда бошанд. Таъкид шуд, ки истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва, дар ин замина, ба ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.
Ба Адҳам Маъмурзода иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 60769 нафар хонанда таҳсил менамояд ва барои соли таҳсили 2025-2026 нақшаи харидории либоси мактабӣ 122 ҳазору 994 адад муайян шудааст. Вобаста ба ин, таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либоси ягонаи мактабӣ айни ҳол идома дошта, рӯзҳои наздиктарин хонандагон пурра бо он таъмин мегарданд.
Саъдулло МАХКАМОВ, журналист