Баргашт Чоп кардан

ПОРА ЗИНДАГИИ ЯК МАНСАБДОРРО ТАЛХ КАРД

Муовини раиси ноҳияи Шаҳринав А.Ш. Ҳамдамзода бо ҷурми гирифтани пора аз як шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки А.Ш. Ҳамдамзода ҳамчун шахси мансабдор моҳи апрели соли 2025 зимни муроҷиати расмии шаҳрванд М.Б.П. оид ба ҷудо намудани 118,85 гектар қитъаи замини чарогоҳ 20000 сомонӣ талаб намудааст. Сипас, номбурда ин маблағро моҳи майи соли ҷорӣ дар ду ҳолат аз шаҳрванд М.Б.П. ба сифати пора гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.
Вобаста ба ҳолати масзкур, нисбат ба А.Ш. Ҳамдамзода бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
РАИСИ «ЗАМИНФУРӮШ» ДАР КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШАСТ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Р.З. Ҳакимов, раиси Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иттилоъ дод.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, Р. З. Ҳакимов моҳи апрели соли 2025 бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлӣ аз шаҳрванд Ҳ.Ҷ.С. 50000 сомонӣ талаб намуда, дар чанд ҳолат ҳамаи ин маблағро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки раиси Ҷамоат ваколат ё ҳуқуқи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлиро надорад ва Р.З. Ҳакимов дидаю дониста даст ба чунин кирдори ҷинояткорона задааст.
Дар ин робита нисбат ба Р.З. Ҳакимов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз якҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишнодиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»