Лигаи олӣ: “Вахш” шикастнопазир аст
Клуби футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар дар мавсими имсолаи Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ягона дастаест, ки шикастнопазир боқӣ мемонад.
“Вахш” дар чордаҳ давр 8 ғалаба, 6 мусовӣ ва бо 30 хол дар ҷойи 3-юм мавқеъ дорад. Ин даста дар даври понздаҳум бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар бозии дигари давр “Истиқлол” бар “Панҷшер” низ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Чор бозии дигари даври 15-ум миёни дастаҳои “Барқчӣ” – КМВА (0:0), “Истаравшан” – “Хуҷанд” (1:1), “Эсхата” – “Ҳулбук” (1:1), “Равшан” – “Регар-ТадАЗ” (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.
Дар ҷадвали Чемпионат дастаи КМВА бо 31 хол садрнишин аст. “Истиқлол” низ 30 хол, дар ҷои дуюм қарор дорад. Вале дастаҳои футболи Душанбе ва Бохтар якбозиӣ кам анҷом додаанд.
Бо сабаби иштироки тими миллии кишвар дар Ҷоми миллатҳои CAFA (29-уми август – 8-уми сентябр) ва иштироки дастаи олимпии Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (1-9-уми сентябр), даври 16-уми Чемпионат миёни дастаҳои Лигаи олӣ 12-14-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.
Тими миллии Тоҷикистон
дар Варзоб ба «Cafa Nations Cup 2025» омода мешавад
Омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дуюм мусобиқаи «CAFA Nations Cup», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб ҷараён дорад.
Ситоди мураббиён таҳти роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро барои ширкат дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» эълон кард.
Ба дархости васеи даста 35 футболбоз шомил аст, аммо ҷамъомади тамринӣ, ки 25-уми август шуруъ шуд, 23 нафарро фаро гирифтааст:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»); ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Согдиана», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ»); нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Меҳрон Мадаминов («Барқчӣ»); ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup» дар гурӯҳи «В» бо тими миллии Ҳиндустон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 29-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:30 оғоз мешавад.
БОКС
Муваффақияти бонувони мо дар Фарғона
16-22-юми август дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон Мусобиқаи байналмилалии бокс миёни бонувон доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, муштзанбонувони мо дар ин Мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани 4 медал – ду тилло, ду биринҷӣ даст ёфтанд.
Медалҳои тиллоро Фариноз Абдуллоева дар вазни 54 кг ва Зарифа Ҳасанова дар вазни 57 кг сазовор шуданд. Дар финал Фариноз бар намояндаи Ӯзбекистон Муслима Тургунова, Зарифа бар намояндаи Қазоқистон Жанур Калдибек зафар ёфтанд.
Башорат Шовалиева (51 кг) ва Мино Аъзамзода (65 кг) барандагони медали биринҷӣ гаштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”