ЧОЙХОНАИ “БОЛОИ ОБ” МУАРРИФИИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Чойхонаи зебои "Болои об", ки аз зери он ҷӯйбори калон ҷорист, дар маркази ноҳияи Рашт ҷойгир буда, бо тарҳи худ ба чойхонаи машҳури Сино дар шаҳри Исфара шабоҳат дорад. Дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон мавҷудияти чунин макони нотакрору диданӣ, воқеан ҳам, шодиовар аст.
Бо тамошои нақшу нигори миллӣ, кандакориҳои сутунҳо, дару катҳо, мусаввараҳои қадимии деворҳо ва ҳунари меъмории ин макон эҳсос кардем, ки кори дасти устоҳои моҳири Исфара аст. Ин эҳсос ҳисси кунҷковиамро дучанд кард: "Кӣ ин маконро офаридааст? Чӣ таърихе дорад?"
Барои дарёфти ҷавоб ба ин савол ба Википедияи тоҷикӣ (Донишномаи озод) рӯ овардам, бо умеди он ки дар бораи ин чойхонаи миллӣ маълумоте пайдо кунам. Мутаассифона, он ҷо чизе наёфтам. Худ ба худ мегуфтам: чаро?
Охир, чунин маконҳо, чунин иншооти ҳунари миллӣ, бешак, таърих доранд ва бояд ҳифз шаванд. Таърихи бунёдашон, номи усто ва шогирдон, масолеҳи истифодашуда, ҳатто рангҳо, ки бо гузашти солҳо тобиши худро гум накардаанд, арзиши фарҳангӣ доранд. Инчунин, касоне, ки дар сохтани чунин гӯшаи зебои фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, сазовори ёдоварӣ ва арҷгузорӣ ҳастанд.
Ниҳоят баъд аз пурсуҷӯҳои зиёд фаҳмидем, ки устоҳои кандакор аз шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. Номи усторо бо хатти порсӣ Йӯлдошов навиштаанд.
Дар ин замина таъкид бояд кард, ки ин макон метавонад беҳтарин истгоҳи фарҳангӣ барои сайёҳон бошад.
Оё чунин ҷойҳои нотакрор сазовори муаррифии густурда нестанд?
Марҳабо МӮСОДУХТ,
сайёҳ, сокини шаҳри Исфара
НИМПАЙКАРАИ ҲОҶӢ АБДУЛАЗИЗ ЗЕБИ РАШТ АСТ
Нимпайкараи Ҳоҷӣ Абулазиз, дар ҳуҷҷатҳо Абдулазиз Расулов (таваллуд 1852, ноҳияи Рашт, даргузашт 1933 шаҳри Самарқанд) дар дохили қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ба номи ин шашмақомсарои маъруф истодааст. Чи хуш буд, агар ин нимпайкара дар дари даромадгоҳ меистод. Ин ҳам ба мантиқ дуруст аст ва ҳам маълум мекунад, ки қасри фарҳанг ба номи ӯст. Бинои қаср ҳам дар рӯбарӯи бинои МИМҲД ноҳия ҷойгир асту чашми ҳар раҳгузару корафтода ба нимпайкара меафтад.
Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Абдулазизи ҳофиз, аслан, зодаи Раштонзамин буда, кам касоне медонанд, ки ин марди номвари олами ҳунар, тоҷикистонист. Ҳатто дар донишномаи озод ӯро зодаи Самарқанд навиштаанд, дар ҳоле ки Самарқанди бостон ҷойи фаъолият ва эҷоди Абдулазиз Расулов аст, на ҷойи зода шудан.
Ба ин хотир, аз толори қаср берун овардани нимпайкара, дар маърази тамошо гузоштани он на танҳо зеби ин макон мешавад, балки боис ба кунҷковиву донистани сарнавишту корномаи Абдулазизи шашмақомсаро аз тарафи ҷомеаи кишвар боис мегардад.
Бояд гуфт, ки мо мазори ин сарояндаи номварро, ки устод Садриддин Айнӣ низ эътироф ва эҳтиром доштанд, дар Самарқанд зиёрат кардаем. Ба номи ӯ Коллеҷи санъати шаҳри Самарқанд номгузорӣ шуда, инчунин, баъди маргаш ба ӯ унвони Ҳофизи халқии Ӯзбекистон додаанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”