Баргашт Чоп кардан

РАШТОНЗАМИН. ПАНҶ НИГИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК МИНТАҚА


Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии минтақаи Рашт барои ҷалби гардишгарони дохиливу хориҷӣ хеле муҳим аст. Дар ноҳия имконияти рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати қадамҷоҳо мавҷуд аст. Табиати ин минтақа ҳанӯз пурра муаррифӣ нашудааст ва чи хуш аст, агар тамошои онро аз худамон оғоз намоем. Ин аст, ки мо як гурӯҳ кормандони идораи “Ҷумҳурият” ба ин минтақа сафар намудем. Моро дар ин сафари хотирмон мухбири рӯзнома дар ин минтақа Худододи Зайниддин ҳамроҳӣ кард.

НУРОБОД НУРИ РАШТОНЗАМИН АСТ
Ноҳияи Нуробод бо шаҳри бостонии Дарбанд, ки таърихи мавҷудияти онро 3000 сол медонанд, ном баровардааст. Дарбанд маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз будааст. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак, сокинонаш бо дигар минтақаҳо робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. То ҳол корҳои ҳафриётӣ дар ин мавзеъ идома дошта, бовар дорем, ки дар наздиктарин фурсат натиҷаҳои онро мебинем.
Ҳамзамон, қалъаҳои Амлок, Дарбанд, Кофир, Ҷамҳур, Қалъанак аз куҳан будани ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.
Мардуми ин ноҳия бо ҳунармандӣ низ машҳуранд. Бавижа, пухтани чойкулчаҳо, чапотиҳои болаззат, сохтани табақҳои чӯбӣ, қурутоби бомаза, дӯхтани либосҳои зебову хос дилу дидаҳоро мебаранд.
Баъд аз пурра ба кор даромадани НБО “Роғун” ва пур шудани сарбанди он, як бахши калони Нуробод ба ҳавзи бузург табдил ёфта, метавонад баҳри ҷалби сайёҳон замина гузорад.

РАШТ ГАРДИШГАРОНРО ИНТИЗОР АСТ
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони Ҷамоати деҳоти Аскалон пешбинӣ гардидааст.
Яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия Дараи Ҷафр буда, иштирокчиёни пресс-тур аз он дидан карданд. Дар ин мавзеъ бо ибтикори деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» ташкил шудааст, ки макони зебо ва дилпазирро мемонад. Ҳудуди боғ 1 гектар буда, дар он 64 навъи маҳаллии себ, 34 намуд нок, 22 навъи зардолу, гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом, ки дар ҳолати нестшавӣ буданд, аз нав барқарор, парвариш ва зиёд шуда истодаанд. Дар боғи мазкур дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд меваи олу, зардолу ва бодоми шириндона, дар як дарахти себ 22 навъи он ва дар як дарахти нок 6 навъи он пайванд шудаанд, ки намудҳои гуногуни маза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд. Дар даромадгоҳи боғ бинои зебои гунбазшакли сеошёна қомат афрохтааст, ки дар ошёнаи аввали он осорхонаи кишваршиносӣ, ошёнаи дуюм маркази ҳунармандӣ ва ошёнаи сеюм ҷойи сурудсароӣ ҷойгиранд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳауз (меҳмонхонаи хурд), 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр бо фарогирии 1400 ҷойи нишаст, 1 маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ ва 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар ним соли аввали соли ҷорӣ ба ноҳия 2392 сайёҳу меҳмон, аз ҷумла 2247 сайёҳи дохилӣ ва 145 сайёҳи хориҷӣ омадааст.

САНГВОРИ МАШҲУР БО БУРХИ ВАЛӢ
Ноҳияи Сангвор аз 5 деҳот: Тавилдара, Заршӯён, Чилдара, Вахио ва Ваҳдат иборат буда, то расидан ба он метавон аз манзараҳои зебо, рӯду дарёҳои хурӯшони Вахш, Хингоб, Сурхоб, кӯҳу дараҳои аҷиб, дарахтзору ҷангалзор дидан кард. Сангвор дер боз байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо мазори Бурхи Валӣ машҳур аст.
Бино ба иттилои масъулон, гуфтаи Шодӣ Раҳмонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, ҳамасола аз ин мавзеъ зиёда аз 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ боздид менамояд. Инчунин, дар ноҳия 32 зиёратгоҳ, 200 чашмаву обҳои шифобахш, ҳавзҳои Сода ва Кабуд воқеанд, ки аз мавзеъҳои зебои ин ноҳияи дурдастанд.
Дар ноҳия парвариши занбӯри асал, чорво ва зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Иқлим, табиат, ҳайвоноту наботот, ҳавои тоза, чашмаҳои шаффоф, мардуми меҳмоннавози ноҳия барои роҳандозии агротуризм, сайёҳии кӯҳӣ, шикор имконият фароҳам оварда, 7 меҳмонхонаи замонавӣ ва зиёда аз 20 меҳмонхонаи сарироҳӣ барои қабули сайёҳон омодааст. Мушкили пешгирандаи рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор ба ҳисоб меравад.

ЛОЗУРКӮҲИ ТОҶИКОБОД
Вақте мо ба Тоҷикобод расидем, тақсими китоби мондагори “Шоҳнома” ба поён расидаву мардум мағзу муҳтавои китобро байни ҳам баррасӣ мекарданд. То расидан ба маркази ноҳия шуморо дарёи Сурхоб ва сафедорони сари роҳ ҳамроҳӣ мекунанд.
Масоҳати боғи фарҳангии Тоҷикобод бо Парчам, Нишони давлатӣ 1 гектар буда, яке аз мавзеъҳои зебову хуштарҳи ноҳия мебошад.
Чашмаи Гӯгирдон, шаршараҳои бобои Шайх, Сурхкӯл аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия ба ҳисоб мераванд. Регак яке аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия буда, дидани он ба ҳар кас ҳаловат мебахшад.
Диданитарин нуқтаи ноҳия Лозуркӯҳ аст, ки онро дар соҳаи яхшиносӣ ҳамчун пиряхи Қизилкӯл медонанду мешиносанд. Мардуми маҳаллӣ пиряхро аз қадим инҷониб лозур, яъне яхсор ном мебаранд. Бино ба маълумоти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, Лозуркӯҳ дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Пётри I дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Он дар масоҳати умумии 0,9 км2 доман паҳн карда, аз чанд қисм иборат мебошад. Масалан, забонаи пиряхи Қизилкӯл дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, аз барфу тарма ғизо мегирад. Дарозии пирях 2,5 километр мебошад.
Табиати Лозуркӯҳ на танҳо манзараҳои ҷаззоб дорад, балки боду ҳавои ниҳоят соф ва орӣ аз рутубату чангу ғубор аст, ки барои хаймазанӣ назир надорад. Ин макон яке аз ҷойҳои хуби сайёҳӣ аст, ки то дами пирях метавон бо мошин рафт.

САЙЁҲӢ: АЗ ЛАХШ БА ҚУЛЛАИ
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ноҳияи Лахш барои рушди сайёҳии кӯҳию варзишӣ ва экологию аграрӣ мусоид мебошад. Иқлими хуб, ҳавои форам, табиати аҷиб ва манзараҳои зебою дилнишин, Баҳри кабуд, петроглифҳо аз зарфиятҳои сайёҳии ноҳия маҳсуб меёбанд, ки дар натиҷаи истифодаи оқилонаву самаранок метавон соҳаи сайёҳиро дар ноҳия рушд дод.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ тавассути ноҳияи Лахш сурат мегирад. Дар он кӯҳнавардони Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.
Кӯҳнавардон пеш аз оғози экспедитсия ва расидан ба майдончаи «Москвина» якчанд рӯз барои мутобиқшавӣ ба иқлими минтақаҳои баландкӯҳ дар маркази ноҳия мемонанд. Барои қабул ва хизматрасонӣ ба онҳо дар ноҳия шароити зарурӣ фароҳам аст.
Майдончаи «Москвина» дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ сохта шуда, макони асосии кӯҳнавардон ба шумор меравад. Барқарор намудани он ва дигар иншооти маишию истироҳатӣ дар ноҳия метавонад боиси ба макони сайёҳии байналмилалӣ табдил ёфтани Лахш гардад. Ҳоло дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ба меҳмонон хизмат мерасонад.
Дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир мебошад, ки бо оби шифобахшаш дар ҷумҳурӣ машҳур аст. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.

Б. БАҲОДУР,
М. ОДИНАЗОДА,
“Ҷумҳурият”