Баргашт Чоп кардан

САНГВОР. ОБОДИҲОИ БЕҚИЁС БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ БУЗУРГ


Имрӯзҳо ноҳияи Сангвор дар пайи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба майдони корзори созандагию ободонӣ табдил ёфтааст. Дар доираи имконияти мавҷуда таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншооти маишию хизматрасонӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ гардидаанд. Даста-даста коргарон дар ҳар гӯшаи он дасту остин барзада бунёдгарӣ доранд ва Сангвор дар домони кӯҳҳо бо зебоиҳои ҷаззобтар чун шуълаи ободкориҳо ҷилва медиҳад.
Ин аст, ки дар ин ноҳияи дурдасти кишвар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҳаёти мардум низ беҳтар гардида, барои аҳолӣ шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам аст. Ба иттилои Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор, маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия давоми нимсолаи якуми соли равон ба 93,5 миллион сомонӣ расид, ки далел аз самаранокии кори аҳли заҳмат маҳсуб меёбад.
Кишоварзӣ ҳамчун соҳаи аз ҳама асосии ноҳия буда, зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнатро фаро мегирад. Дар ин бахши муҳимтарини диёр бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайвастаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии ноҳия сол ба сол рушд намуда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, боғҳо ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, мева, гӯшту шир, асал, фаровон гардидаанд. Баҳори имсол барзгарони ноҳия дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ аз ғалладонагиҳо дар 330 гектар, картошка 800, сабзавот 83, зағир 24, лӯбиёӣ 67 ва хӯроки чорво 10 гектар кишт карданд. Маҳсулоти ширию гӯштӣ афзуда, истеҳсоли гӯшт 802 тонна, шир 2035, тухми мурғ 1 миллиону 963 ҳазор дона ва хӯроки чорво 1808 тоннаро ташкил дод.
Тибқи қарори раиси ноҳия, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 49 иншоот дар назар буд. Азбаски корҳо бо суръат пеш рафтанд, имрӯз нақшаи бунёди 80 иншоот иҷро шудааст. Соли 2025 барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид.
Ҳамчунин, бо ташаббуси соҳибкорон дар ноҳия ҳавзи моҳипарварӣ, коргоҳҳо, марказҳои савдову иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд, ки шаҳодати рушди бахши хусусӣ буда, ҷойҳои нави корро барои сокинон фароҳам овардаанд. Дар маҷмуъ, барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бештар аз 1,1 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Илова бар ин, дар ноҳия Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2021 – 2025-ум амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он татбиқи 174 лоиҳа ба маблағи 148 миллион сомонӣ дар назар аст. Бо ин ҳама гомҳои устувор дар самти рушди як ноҳияи кӯҳистонӣ ҳоло дар Сангвор ободониҳои беқиёсе ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси шукру арҷгузорист.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”