Баргашт Чоп кардан

МЕҲРНОМАИ РАШТ

Қади Раштон зи Роғун гирад оғоз,
Бараш аз Ғориф ояд то ба Дарвоз.
Сари он то сари Лахш аст боло,
Ба тӯлаш мавҷи Вахшон нуктапардоз.

Сари Раштон шукӯҳи қуллазор аст,
Қади Раштон суруди рӯдбор аст.
Шабоҳат нест ҳуснашро ба дунё,
Рухи Раштон гули доимбаҳор аст.

Чаманзор аст ҳар каф хоки Раштон,
Гулоби ноб оби поки Раштон.
Ба олам касби шуҳрат дорад имрӯз,
Ҳавои боғи себу ноки Раштон.

Ба давродаври Раштон кӯҳбанд аст,
Шукӯҳаш аз қади кӯҳаш баланд аст.
Сари ҳар теға гӯё гарди абре
Нишаста, пилтаи дуди сипанд аст.

Қади ҳар кӯҳи Раштон обшор аст,
Сари ҳар чашмааш ранги баҳор аст.
Радифи қуллаҳо боло ду ҷониб
Хаёлам, ҳусни ӯро посдор аст.

Фазои Рашт хушрӯ аз Камароб,
Канори Рашт дилҷӯ аз Камароб
Гули хораш шамими хоса дорад,
Қади Рашт аст дилҷӯ аз Камароб.

Гули дастори Раштон аст Ҳоит,
Дари дидори Раштон аст Ҳоит.
Карамгустар бувад ҳар фарди ин хок,
Каму бисёри Раштон аст Ҳоит.

Сари ҳар қуллаи Раштон манор аст,
Сари ҳар чашмаи Раштон чанор аст.
Бар рӯи сахрааш ангораи вақт
Зи номи рафтагонаш ёдгор аст.

Сафо андуда Раштон нозанин аст,
Варо дар ҳусн Ғарм ангуштарин аст.
Хуш андар хуш дар ин ангуштари хуш
Диёри Ялдамичаш чун нигин аст.

Зи Раштон Гулханиро рехт ашъор,
Зи Раштон ранги ҳарфаш ёфт анвор.
Деҳи Булқос медорад чароғаш,
Ба ёди шеъри ӯ ҳамвора бедор.

Барои Рашт боқӣ нангу ор аст,
Барои Рашт боқӣ ибтикор аст.
Чу устоди қалам бо номи некаш
Барои Рашт Боқӣ ифтихор аст.

Дари Абдулазиз обод дар Рашт,
Навояш мавҷрез озод дар Рашт.
Агар ӯ дар Самарқанд аст мадфун,
Бихезад рӯҳи покаш шод дар Рашт.

Сари Раштон баланд аз кӯҳсораш,
Дили Раштон бузург аз нурбораш.
Шиносонад варо дар рӯи дунё
Ду дасти дар сахо овозадораш.

Ҳоҷӣ МУРОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон