Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛИЯТ. МО ВА ОЯНДАИ МО


Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба сокинони кишвар тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, чун Хуршеди дурахшон роҳи ояндаро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои наку шароит фароҳам овард. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.

Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот, истиқлолият низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол мо 34-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем, ки чун ҷавони матину устувор сӯи фардои дурахшон равон аст. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овард. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он кӯшиш намоем, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.
Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд ва дар замони соҳибистиқлолӣ таваллуд шудаанд, ҳама чун як тану як ҷон пайи илму донишанду ҳар яке дар самти хеш муваффақ. Маҳз ба шарофати истиқлол баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид.
Ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои наку, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Ба кадом соҳае назар накунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дили гарм пайи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа зери ливои истиқлолу ваҳдат, бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Истиқлолият ормони ҳар як миллат буда, Худованд ба кам миллатҳо онро арзонӣ доштааст. Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз он вобастагии калон дорад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 31 сол аст, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо оби тилло сабт мегарданд. Дар 34 соли истиқлолият дар ҳамаи самтҳо дастовардҳои назаррасро соҳиб шудем.

Қурбонгул САИДОВА,
мураббии Маркази дастгирии оила
ва кӯдаки №1-уми ноҳияи Шоҳмансур