Баргашт Чоп кардан

РОҲ. ТОҶИКИСТОН БА МАМЛАКАТИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ ХОҲАД ЁФТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушд ва беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт аз тадбирҳои зарурӣ кор мегирад. Дар ин замина, баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар – табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид. Ба маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ин мақсад, ҳоло дар соҳа татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад, ки аз ин 7 лоиҳа татбиқ шуда, 4 лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр) ба маблағи 131,4 миллион доллари ИМА, Гулистон – Фархор (29,6 километр) бо сарфи 41 миллион доллар ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод, қисмати се (пули калон 920 метр) ба маблағи 80,85 миллион доллари ИМА оғоз гардиданд. Ҳамзамон, соли равон се лоиҳаи дигар ба маблағи 447,1 миллион доллар, 138 километр роҳҳо бо инфрасохтори заруриашон ба истифода дода мешаванд, ки яке аз онҳо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод мебошад.


Роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти кишварро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 4-уми феврали соли 2021 бо супориш ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд.

– Мақсади асосии сохтмони иншооти мазкур таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин, сарфа кардани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, – мегӯяд Шералӣ Ганҷалзода, ҳамоҳангсози лоиҳаи сохтмони марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи лоиҳа 8 пул бунёд шудааст. Аз ҷумла, шаштоаш навсозӣ, яктоаш барқарор ва дигараш муваққатӣ мебошад. Инчунин, хобондани 77 лӯлаи обгузар, бунёди 205 такядеворҳои оҳанию бетонию сангин ва нақби мошингузар бо дарозии 2605 метр ба нақша гирифта шуда буд, ки бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расиданд. Дар татбиқи ин марҳала наздики 1000 мутахассису сохтмончӣ заҳмат кашиданд, ки аксарият сокинони маҳаллӣ буданд.
Аз рӯи маълумоти мутахассисон, роҳи асосӣ аз чор қитъа иборат буда, то имрӯз дар тамоми қитъаҳо ва роҳи муваққатӣ тоза ва решакан кардани рустаниҳо ва буридани дарахтон, сохтмони поядеворҳои сангин ва оҳану бетонӣ анҷом ёфтааанд.
Роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат аст. Паҳноии стандартии он 12 метр буда, канори ду тарафи роҳ 2,5 метрро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, роҳи мазкур баъди пурра навсозӣ шудан, ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардид.
Сохтмони нақби “Тагикамар”, ки дарозиаш 2605 метр аст, иҷро гардида, корҳои коммуникатсия ҷараён доранд.
Ҳадафи асосии татбиқи ин лоиҳа таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони водии Рашт мебошад.
Сокинони ноҳияи Нуробод аз навсозии роҳ, ки солиёни зиёд рӯи таъмирро надида буд, руҳу илҳоми тоза гирифта, ин дастгирӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самараи сулҳу ваҳдат, истиқлолияти комил ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат медонанд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”