Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи варзиш бештар шуд ва варзишгаронамон ба муваффақиятҳо даст ёфтанд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Муҳаммад Шарифзода аз зумраи онҳо ба шумор меравад. Ӯ дастпарвари Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат мебошад. Мавсуф 3-юми июли соли 2016 таваллуд шудааст. Муҳаммад бо вуҷуди хурдсолиаш ба толор рафт ва ба омӯхтани нозукиҳои ҷудо машғул шуд. Бо ӯ ва наврасони дигар Суҳроб Шокиров тамрин мегузаронд. Дар машқҳо ба шогирдон дарси маҳорат меомӯзад ва пайваста малакаву ҳунари гӯштигириашонро такмил медиҳад, ба умеде, ки фардо номбардори кишвари хеш гарданд.
Муҳаммад дар иҷрои машқҳои ҷисмонӣ миёни ҳамсолонаш ҳамто надорад. Ҳамин буд, ки 6000 бор шишту хез (приседаний)-ро дар 3 дақиқа иҷро карда, шомили Китоби рекордҳои “Interrecord” шуд.
Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол дар корномаи варзишии худ, то ин вақт дар ҷиуҷитсу ғолиби бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ ва 5 карат чемпиони Федератсияи Россия, ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо гардидааст. Умуман, Муҳаммад ягон маротиба аз ҳарифонаш мағлуб нашудааст, 80 зӯрозмоӣ гузаронда, дар ҳамааш пирӯз гаштааст.
Далерҷон Шарифов, падари Муҳаммад, зимни суҳбат гуфт, ки дар баробари ҳамаи комёбиҳояш ӯ хоксору меҳрубон аст. Ҳамеша мекӯшад бо одамон ҳалиму меҳрубон бошад.
Айни ҳол Муҳаммад Шарифзода дар Федератсияи Россия зери назари Расул Боқиев тамрин мекунад.
Ӯ дар суҳбат гуфт, ки ҳар варзишгар орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами кишвараш парафшон гардад. “Вақте Парчами Тоҷикистони азизам дар байни дигар парчамҳо парафшон аст ва Суруди миллӣ садо медиҳад, маро ҳисси ифтихор фаро мегирад”, - иброз намуд ӯ.
Муҳаммад Шарифзодаи хурдсол дар баробари ба варзиш машғул будан, ҳамзамон, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, мебошад. Дар чандин олимпиадаҳо аз фанни математика сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.
Зикрулллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”