Баргашт Чоп кардан

НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. СУБҲИ ПАХТАЗОР СОКИТ НЕСТ


Оре, дар ноҳияҳои пунбакори вилояти Хатлон субҳи деҳқонони олиҳиммат сокит нест. Ҳар рӯзи онҳо бо омодагӣ, шӯру шарари дилгармона баҳри сари вақт чида ба корхонаҳои пахта супурдани дастранҷи худ оғоз меёбад. Имсол, ба иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Баҳодур Ҳасанзода, хоҷагиҳои деҳқонии 19 шаҳру ноҳия дар майдони 123037 гектар чигит кишта, мақсад доранд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 298100 тонна пахта ба даст оранд.
Дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакор ҷамъоварии ҳосил бомаром идома дорад ва дастранҷи ҳаррӯзаи онҳо бештар аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Махсусан, заркорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин самт пешқадам ба ҳисоб мераванд. Ба иттилои сардори раёсати кишоварзӣ Алимаҳмад Абдусатторзода, аз 3300 хоҷагии деҳқонӣ дар 2700 хоҷагӣ пунбадона кишт шудааст ва чиниши якум дар ҳамаи онҳо оғоз гашта, нахустин корвони «тиллои сафед» сӯйи корхонаҳои пахта роҳ хоҳад гирифт.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз солҳои сиюми асри ХХ ба пунбакорӣ машғул аст, садҳо нафар пахтакорони номӣ умр ба сар мебаранд, ки ҳосилнокии ин зироати стратегиро аз ҳар гектар ба 35-40 сентнер расонда, чандин рекордҳо гузоштаанд. Пештар фоидаи соф ба хазинаи давлат ворид мешуд. Ҳоло баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ даромади ҳар ваҷаб замин ба буҷети оилавии марди деҳқон зам мегардад. Аз ин рӯ, кишоварзон дар замини худ рустанӣ, меваю сабзавоте мепарваранд, ки маҳсули хуб диҳанд.
Имсол аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5672 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх, Гулистон, Золи Зар, Маданият, Навоӣ, Навбаҳор ва ғайра ҳосили кишти баҳорӣ пурраю беталаф ҷамъоварӣ гардид, деҳқонон кишти дуюмро низ анҷом доданд ва ҳоло тамоми таваҷҷуҳашон ба ҷамъоварии пахта равон гардидааст ва онҳо дар ҷадвали пахтачинии вилоят дар сатри аввал қарор доранд.
– Ҳар рӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ то 2 дарсади нақшаи солона пахта меғундоранд. Хоҷагиҳои деҳқонии «Фозилҷон», «Қулмуродбобо», «Шарафҷон» ва даҳҳои дигар 24-25-сентнерӣ хирман бардошта, аз иҷрои дурнамо мужда расонданд. Пахтакорони ноҳия мақсад доранд, ки то расидани рӯзҳои боронӣ 24140 тонна пахта ҷамъ оваранд, – гуфт Алимаҳмад Абдусатторзода.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»